13 Март 2025
Бо мақсади пуршукӯҳ ҷашни Наврӯзи байналмилал санаи 15.03.25. дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалии “Дави дӯстӣ” ва веломарафон баргузор мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии “Дави дӯстӣ” соати 9:00 аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тариқи хиёбони Раҳим Ҷалил ба воситаи пули нав то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёди варзишгарони касбӣ ва мардуми касбу кори гуногун баргузор мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар Мусобиқаи байналмилалии “Дави дӯстӣ” варзишгарони касбӣ аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд намуд. Ғолибонро тӯҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.
Ғолибонро тӯҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд