12 Март 2025
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум кори худро оғоз намуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум аз 40 нафар вакилони интихобшуда 40 нафар иштирок доранд. Ба кори иҷлосияи имрўза муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.
Зикр шуд, ки дар иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ низ ҳузур дорад.
Аз рӯйи масъалаи якум “Дар бораи эътироф кардани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум” раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси шаҳрӣ Муҳайё Акмалхўҷаева баромад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Дар асоси талаботи моддаҳои 25 ва 27 –и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 10 то 25 январи соли 2025 пешбарии номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда ва шаҳрвандон бо роҳи худпешбарӣ ва аз 25 январ то 9 феврали соли 2025 аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бақайдгирии номзадҳо гузаронида шуд.
Дар 40 ҳавзаҳои интихоботии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд 83 нафар номзадҳо, аз ҷумла 28 нафар занон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 40 нафар аз ҲХДТ, 15 нафар аз ҲИИТ, 1 нафар аз ҲАТ, 1 нафар аз ҲКТ ва 26 нафар ба тариқи худпешбар пешниҳод шуданд.
Рўзи 2 марти соли 2025 дар интихобот аз 117350 нафар шумораи овоздиҳандагон 105017 нафар, ё худ 89,4 фоиз овоздиҳандагон иштирок карданд. Шумораи бюллетенҳои овоздиҳии аз ҳисоб баровардашуда (ботилшуда) 12333 ададро ташкил дод.
Комиссияи шаҳрӣ мутобиқи моддаҳои 42, 43 ва 44 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ҳамаи протоколҳои комиссияҳои участкавии интихоботиро ба пуррагӣ омўхта, ба хулоса омад, ки дар 40 ҳавзаҳои шаҳрӣ интихобот муташаккилона баргузор гардида, дар рафти интихобот ягон эрод ё эътироз ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод нагардид.
Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар асоси далелҳои зикршуда ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешниҳод менамояд, ки ваколати вакилони халқи шаҳри Хуҷандро, ки санаи 2 марти соли 2025 интихоб шуданд, эътироф намояд.
Сипас, руйихати вакилони интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтумро ба таваҷҷўҳи ҳозирин расонида шуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода гуфт, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ҳар як вакили Маҷлиси вакилони халқ баъди тасдиқи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ бояд савганд ёд мекунад.
Сипас 40 вакилони навинтихобгардидаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бо навбат савганд ёд намуданд, ки дар он аз ҷумла зикр мешавад:
“Ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд бо дарки масъулият савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми неру ва донишу таҷрибаи худро барои рушди давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, уҳдадориҳои вакилии худро содиқона ва поквиҷдонона иҷро менамоям.”
Баъди тасдиқи муқаррароти расмӣ вакилон масоили гуногун, аз ҷумла «Оид ба қабули Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд», “Оид ба тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд», «Таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум ва интихоби ҳайати онҳо» , “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз 26 декабри соли 2024, № 360 “Дар бораи қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2025”, “Дар бораи ворид намудани маҳаллаҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд ба рўйхати ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ”, «Оиди тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр» ва ғайраҳоро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Зимни баррасии масъалаи «Оид ба пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2» иттилоъ дода шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, таҳти № 882 «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2024, №1 интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 баргузор мегардад. Пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ аз 12 марти соли равон оғоз ёфтааст.
Дар асоси моддаи 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбарии номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори кўҳистони Бадахшон ва вилоятҳо дар суръати мавҷуд будани кворум пешбарӣ карда мешаванд. Қарори иҷлосия дар бораи пешбарии номзад бо аксарияти овози вакилони Маҷлиси дахлдори вакилони халқ ба таври пинҳонӣ қабул карда мешавад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, № 15 Шаҳноза Раҳмон дар бораи пешниҳоди номзадии Замира Рустамзода ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Вакилон онро якдилона дастгирӣ намуданд.
Ҳамин тавр, тибқи муқаррароти пешбинишуда ва расмиёти иҷлосия номзадии Замира Рустамзода-директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстони вилояти Суғд”, ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешбарӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Рустамзода Замира Темурмалик – соли таваллуд 1978, миллат-тоҷик, маълумот – олӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро соли 2005 аз рўи ихтисоси омўзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм намуда, аз 13 июли соли 2022 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстони вилояти Суғд” кор мекунад, истиқоматкунандаи шаҳри Бўстони вилояти Суғд, ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешбарӣ карда шавад.
Сипас вакилон рўйхати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро ба ҷаласаи якҷояи мақомоти маҳаллии намояндагии вилояти Суғд дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод ва онро тасдиқ карданд.
Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар иҷлосия баромад намуда, андешаҳои хешро доир ба фаъолияти минбаъда вакилон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, фаъолнокии онҳо дар корҳои ободонию созандагӣ, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Хуҷанд баён дошт.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла афзуд, ки ҳар кадоми моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчӣ бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон аз 28 декабри соли 2024 қайд карданд, ки “Мо вазифадорем, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқ-лоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рўз ва ҳамеша саъю талош намоем.
Хусусан, мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбини-гардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем”.
Аз ин лиҳоз бояд ҳар яки мо ба хотири ободии Ватан, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагиамон аҳлона заҳмат кашида, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми ватандўстона гузорем. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватана-монро сидқан дўст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро бо амри дил иқдом намуда, тамоми саъю талоши ватандўстонаамонро ба хотири амалӣ намудани нақшаву барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи нақшаҳои саноатикунонӣ, ободиву созандагии Ватан, пешрафти иқтисоди миллиамон, амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату Ҳукумат ва бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар месозем.
Бо садо додани Суруди миллӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд