07 Март 2025
Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии ба номи "Шукуфаи Истиқлол"-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи модар маҳфили хотирмон тащти унвони "Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад" сурат гирифт.
Дар маҳфил доир ба васфи Модар, зан ва нақши ӯ дар ҳаёти рӯзмарра аз ҷониби мураббияи гуруҳ маълумот дода шуда, тарбиятгирандагон дар васфи Модар шеъру тарона ва сурудҳои ватандўстона хонданд.
Таъкид гардид, ки Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.
Модар чунон дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо меҳрубониву бахшояндагии хоси худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад.
Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад.
Барои падару модар авлотарин давлат фарзанди солиму солеҳ ва хушбахт аст ва барои фарзанд низ падару модар доштан беҳтарин сарват мебошад.
Маъмурияти муасисаи таълимӣ ва модарони тарбиятгирандагон чорабиниро мушоҳида намуда, ба мазмуни баргузории он баҳои баланд доданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд