06 Март 2025
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №14-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи модар маҳфили хушҳолии пурмазмун аз ҷониби тарбиятгирандагон пешниҳод карда шуд.
Дар мулоқот Ҷамшед Набизода - муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Муҳаббат Урунбоева, муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Абдувосит Ғафурзода, мудири шуъбаи ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Зеварой Бобоева, собиқадори ҲХДТ ва муовини сархатиби масчиди "Нури ислом" Саидобид Саидоибидов иштирок ва баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки мулоқот дар асоси нақшаи муштараки чорабиниҳои сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони шаҳр сурат гирифта истодааст.
Дар мулоқот оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, иштироки фаъолони дар интихоботи Маҷлиси вакилони халқ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни мулоқот аз сокинони маҳалла ҷиҳати саҳми назаррас гузоштан дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа, андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр - ободу зебо гардидани маҳаллаи худ ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, мусоидат намудан ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр даъват ба амал оварда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд