06 Март 2025
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №14-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи модар маҳфили хушҳолии пурмазмун аз ҷониби тарбиятгирандагон пешниҳод карда шуд.
Дар гуруҳи омодагӣ ба мактаб машғулияти рӯзгордорӣ аз ҷониби мураббияи кӯдакистон бо санъати хоси кадбонугӣ гузаронда шуд, ки дар он кӯдакон фаъолона ширкат намуданд. Машғулияти пухтани кулчақандро дар гуруҳи миёна бо кӯдакон низ дар сатҳи баланд гузаронда шуд.
Дар маҳфили идона ҳамчунин кўдакон дар васфи бонувон, бузургии модар бо шеъру суруд, тарона ва гуфторҳои бузургон ироа намуда, рақсҳои мавзун намуданд.
Таъкид гардид, ки модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мӯнису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.
Ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст.
Тавъам омадани ду ҷашн - Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд