10 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти соҳа натиҷагирӣ карда шуд.
Сардухтури Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1, масъули соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд Фирӯз Комилов доир ба фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ маълумот дода, азҷумла афзуд, ки дар шаҳр баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 17 муассисаи тиббӣ амал мекунад, аз ҷумла, Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 (дорои 460 кат), Беморхонаи шаҳрии №2 (дорои 150 кат), беморхонаи сирояткунанда (дорои 270 кат), таваллудхонаи шаҳрӣ (дорои 140 кат), 6 марказҳои саломатии шаҳрӣ, дармонгоҳи стоматологии бачагона, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, Хонаи кўдакон (дорои 70 кат), стансияи ёрии таъҷилӣ, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази пешгирӣ ва мубориза ВНМО-и шаҳр фаъолият мебаранд.
Барои боз беҳтар ва дар сатҳи баланд гузаронидани муолиҷа ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ як қатор усули нави табобати беморон таҷҳизоти нави дастгоҳи эндоҷарроҳии замонавӣ ба намуди “Артраскоп” ба арзиши 711,0 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Инчунин баҳри дастгирии аҳолӣ бо маводҳои доруворӣ аз тарафи Раёсати тандурустии вилоят ба маблағи 340545,00 сомонӣ ворид шуд.
Аз муасисаҳои тиббии шаҳрӣ ва марказҳои шаҳрӣ 28 нафар табибон дар давлатҳои хориҷи кишвар ба монанди Ҳиндустон, Қазоқистон ва Россия такмили ихтисос гузаштаанд. Аз комисияи аттестатсияи тахасуси дараҷаноки касбӣ 54 нафар табибон дараҷанокӣ гирифтаанд. Аз коркунони миёнаи тиб 166 нафар ҳамширагон такмили ихтисос дар шуъбаи донишкадаи таҳсилоти баъди дипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд курси бозомузӣ гузаштаанд.
Инчунин дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дар асоси тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омўзгорӣ ва илми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.06.2017, №281. Ва мутобиқи Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №3148 тасдиқ шудааст, ба 42 нафар омўзгорони соҳаи тиб тахассуси дараҷаи дуюм дода шуд.
Бо мақсади пешгирии фавти модару кўдак ва аз байн бурдани таваллуди хонагӣ дар байни занҳои синнусоли репродуктивӣ якчанд чорабиниҳо ба монанди: корбарӣ аз рўи стандарти миллии ВТҶТ “Оид ба назорат ва нигоҳубини антеналӣ ҳангоми ҳомиладории физиологӣ”;
- қатъиян ба назорат гирифтани ҳомиладорон дар мўҳлати то 12 ҳафта;
- гузаронидани суҳбатҳо оид ба ғизо, гигиенаи шахсӣ, тарзи ташаккули ҳаёти солим, ҳаёти ҷинсӣ, пешгирии ҳамли номатлуб;
- саривақт додани маълумот оид ба нишонаҳои хатарнок;
- иштироки намояндагони марказҳои саломатӣ дар маҷлиси пагоҳирўзии таваллудхона ҳар ҳафта як маротиба бо пешниҳоди ному насаб ва ташхиси занҳои ҳомилаи диққатҷалбкунандаи маҳалли зист ташкил карда мешавад.
Ҳамзамон бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Марказҳои саломатӣ бо маводҳои дорувории ройгон ва ба кўдакони синни то се сола ба 68 нафар бо 122 дорухат ба маблағи 6618 сомонӣ дорувориҳои ройгон навишта дастрас карда шудааст.
Санаи 1 июни соли 2024 дар Боғи истироҳати “Наврўзгоҳ” чорабинӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон бо иштироки ҳамаи кормандони муасиссаҳои тиббӣ ва моҳи августи соли 2024 дар марказҳои саломатии шаҳр ҳафтаи дастгирии ғизодиҳии тибб гузаронида шуд.
Доир ба дигар паҳлуъҳои фаъолият низ маълумот дода шуд.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни натиҷагирӣ аз бурдубохти соҳаи тандурустӣ ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд