(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади иҷроиши нақшаи муштараки мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ- ташвиқотии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28-уми декабри соли 2024 санаи 6-уми феврали соли 2025, дар толори Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти судманд баргузор гардид.

Дар мулоқот Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ва раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарипов Абдуҳаким дар бораи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ баромад намуданд.
Мулоқотро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ҳусни оғоз намуда, доир ба нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушду ободии мамлакат ва ҷомеа изҳори андеша намуда, зикр намуд, ки сокинони Хуҷанди бостонӣ, бахусус соҳибкорони бонангу номус ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, бо ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, азму талоши пайгирона ва садоқамандона кору фаъолият намуда, барои рушди соҳаҳои саноат, бунёди роҳу пулҳо, иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо неру ва ташаббусҳои худро равона намудаанд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов зимни суханронии хеш баён намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа буда, он аҳамияти муҳими таърихӣ ва сиёсӣ дорад. Ҳадафи ин санади стратегӣ давра ба давра боло бурдани сатҳи некуаҳволии халқ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста мебошад.
Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода дар баромади хеш баён намуд, ки Паёми Президенти мамлакат барои тамоми мақомотҳои давлатӣ, сохторҳои идоракунӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кулли мардум ҳуҷҷати роҳнамо буда, аз он вазифаҳои барномавии тамоми сохтору мақомоти зикршуда бар меояд ва Паём онҳоро ба иҷрои ҳадафҳои ояндасоз сафарбар менамояд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Шарипов Абдуҳаким зимни суханронӣ қайд намуд, ки таъмини иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти мамлакат баёнгардида, аз ҳар яки мову Шумо, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – аз коргари оддӣ то роҳбари корхона, олимону зиёиён, кишоварзону соҳибкорон, инчунин роҳбарони ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва тамоми мардуми кишвари азизамон, вобастагии мустақим дорад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ зимни баромади худ ҷиҳати нақши Паёми роҳбари давлат дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба зан - модарро бо ҳарфҳои саодатбори Пешвои миллат баён дошта, масъулияти занонро беш аз пеш дар тарбияи фарзандон ва тарғиби либоси миллӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин қайд намуд, ки ҲХДТ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир дошта, бо барномаи созандааш тавонист эътимоди мардумро ҷалб кунад.
Дар охир сокинони шаҳри бостонии Хуҷандро даъват ба амал овард, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона иштирок намуда, барои пешрафту шукуфоии кишвар саҳмгузор бошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...