(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади ба аҳли ҷомеа фаҳмонидани мазмуну моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ дар бораи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки мамлакати соҳибистиқлоли мо ба марҳилаи рушди таърихие ворид мешавад, ки барои он тақвияти ҳамешагии низоми посухгӯӣ ба равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маънавии ҳаёти дохилии ҷомеа, минтақа ва байналмилалӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб менамояд. Таъмини бархӯрд мутавозин бо ин равандҳо ба ҳузури иродаи босуботи сиёсӣ алоқамандӣ дорад, ки он дар мавқеъгириҳои расмӣ, баёнияҳо, ҳуҷҷатҳои барномавии рушд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҷассум меёбад.
Дар Паёми навбатии Сарвари давлат бурду бохти хоҷагии халқи мамлакат ва фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон соҳа ба соҳа таҳлилу баррасӣ гардид. Ҳамзамон самтҳои асосии фаъолият барои соли 2025 ва солҳои минбаъда ба таври мушаххас нишон дода шуданд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки ин ҳуҷҷати таърихӣ роҳнамои аҳли ҷомеа мебошад ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муттаҳидию сарҷамъии ҳамагонро тақозо менамояд.
Воқеан ҳам, дар муддати сию се соли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки дар ибтидои ин марҳила қувваҳои зиёди дохилию берунӣ ба мавҷудияту рушди он ҳар гуна монеаҳо пеш меоварданд, зина ба зина аз парокандагию харобӣ берун омада, раванди муназзами рушд ва пешравиро соҳиб гардид. «Ҳоло ҷумҳурии мо, — таъкид намуданд Сарвари давлат,- дар марҳилаи нави тараққиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад».
Аммо дар вазъи ниҳоят ноороми ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ нигоҳ доштани суръати муназзами рушд, татбиқи стратегияю барномаҳои гуногунмуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосӣ сиёсати ниҳоят дурбинонаро талаб менамояд. Бесабаб нест, ки Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, омилҳои асосии таъсиргузорро ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ як ба як номбар намуданд. Пеш аз ҳама, Пешвои миллат нооромию низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни давлатҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулотро омилҳои асосии берунаи таъсиргузор ба иқтисоди мамлакат ҳисобиданд. Албатта, барои пешгирӣ кардани таъсири манфии ин ва дигар омилҳои ҷойдошта ҷумҳурии моро зарур аст, ки пайваста тадбирҳои саривақтӣ ва таъминкунандаи назму низоми тараққиётро қабул намояд.
Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Сокинони шаҳри Хуҷанд, алалхусус ҳизбиён мекӯшад дар иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паём ироа гардид, саҳми назарраси худро гузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...