29 Январь 2025
Недоступен ни однин перевод.
САДА АЗ ҶАШНҲОИ ОРИЁИСТ
Сокинон ва шаҳрвандони Хуҷанд, меҳмонони ин шаҳри хуршедӣ!
Давлати мо, ки соли равон сивучаҳор солагии соҳибистиқлолии онро тантана хоҳем кард, дар шинохти мероси маънавию таърихии халқи тоҷик корҳои бузургро ба иҷро расонд, ки дар саргаҳи он ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Тоҷикистони мустақил мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Дар қатори эҳёи ҷашнҳову идҳои мардумӣ, 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Ин ҷашни мардуми машриқзамин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик, мардуми ориёитабор таърихи хеле куҳан дорад ва бо он ифтихор мекунад. Чуноне дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу мўҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намояд. Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврўз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ, моҳият ва мўҳтавои онҳо мебошанд». Аз ин рў, ҳамасола мувофиқи Қонуни кишвар “Дар бораи рўзҳои ид” санаи 30 январи соли 2018 ҷашни Сада ба таври расмӣ дар қаламрави мамлакат бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Дар Хуҷандшаҳри бостонӣ низ соли ҳаштум аст, ки Сада ҳамчун ҷашни бузурги миддӣ, бо расму оини хос таҷлил мегардад ва мардум бо таҷлили ин ҷашни миллӣ омода ба фасли баҳор мегардад.
Бо камоли ифтихор аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи шумо – шаҳрвандон ва меҳмонони гиромии шаҳрро ба муносибати ҷашни Сада самимона табрику таҳният мегўям, бароятон ризқу рўзии фаровон, сиҳатмандии комил, рўзгори обод ва дар кору пайкоратон барору пешравиҳо хоҳонам.
Аз рўи нишондодҳои аксари таърихнигорон бошишгоҳи нахустини қавму қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан чордаҳ-понздаҳ ҳазор сол пеш паҳноҳои Сибири Ғарбӣ, доманакўҳҳои Урал ва даштҳои ҷанубии Рус, аз ҷумла соҳилҳои рўдҳои Обу Енисей то кўли Байкал тўл кашида будааст, ки ба он бозёфтҳои харобаҳои шаҳри Аркаим ва дигар осори бос-тоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Гурўҳи калони қавму қабилаҳои ориёӣ пас аз оғози яхбандию хунукиҳои шадид аз қисмати шимолии Осиё ночор кўч баста, сўйи минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Миёна меояд, ки гузаштагони мо – тоҷикон аз ҳамон тоифаи ориёиҳои дар миёни дарёҳои Ому ва Сир сокингашта пайдо шудаанд. Бо мурури гузашти вақт мардуми куҳанбунёди мо ҳар фасли солро бо амалу ниятҳои нек истиқболу тантана карда, тамаддуни ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, ки Сада аз ҷумлаи онҳост. Он ҳамчун ифодаи пайванди зиндагии инсон бо табиат, даври омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврўз, инчунин, даври ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ маҳсуб меёбад.
Ҷашни Сада рамзи гармиву нур, ғалабаи некӣ бар бадӣ, омодагии табиат аз табдили сардӣ ба гармӣ маҳсуб меёбад ва ин ҳама бо баргузории чорабиниву тадбирҳои оммавӣ инъикос меёбад.
Бо шукргузорӣ аз амну суботи кишвар ва осмони софу беғубори ватан, шаҳри азизу ҳамешаҷавонамонро боз ҳам ободу шукуфон, сарсабзу хуррам мегардонем ва дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пешрафти иқтисоду иҷтимоъ софдилона талош меварзем.
Сада – муждаи аввалини баҳор муборак бод!