13 Январ 2025
Дар гимназияи №1- и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Олимпиадаи Spelling Bee дар байни хонандагони синфҳои 5-7 баргузор гардид, ки дар он ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, бо ҳам рақобат намуданд.
Бояд қайд кард, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҳамасола дар Олимпиадаи Spelling Bee то даври ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор мегардад. Олимпиадаи Spelling Bee тибқи "Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030" таҳия гардидааст. Мақсади баргузории Олимпиадаи Spelling Bee дарёфт намудани беҳтарин донандаи забони англисӣ байни муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Ғолибони озмун аз ҷониби ҳакамон муайян шуданд ва онҳо дар даври вилоятӣ бо ҳам қувва меомӯзанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд