9029
(0 голоса, среднее 0 из 5)
12 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади иҷрои фармоиши Кумита оид ба таҳсилот ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми октябри соли 2024 № 276 «Дар бораи эълон намудани Соли таҳсили 2024-2025 «Соли хониши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» гузаронида шуд.
Мудири кафедраи забони давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Мӯнисахон Умарова конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки нақши шахсиятҳои бузург дар таърихи миллатҳо барои расидан ба ҳусни тафоҳум, якпорчагию якдилӣ ва ниҳоят Истиқлоли миллӣ хеле бузургу муассир аст. Куруши Кабир, Зардушт, Спитамен, Монӣ, Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва дигарон , ки аз ҷумлаи нафароне ҳастанд дар ин ҷода хидмати шоиста кардаанд. Арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафта, ифтихор аз он пайвандгари наслҳои гузашта ва имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон аз он мекунад, ки ҳар насл ва ҳар фарди алоҳида занҷире дар таърихи башарият аст, ки тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда мепайвандад. Асарҳои Пешвои миллат танҳо ба хотири донистани гузашта набуда, балки дурнамоест, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвияти ватанпарастиву кишвардорӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда мусоидат менамояд. Илова бар ин, асарҳои Пешвои миллат дар раванди устувор намудани рукнҳои давлатдории тоҷикон дар шароити навин муҳим мебошанд. Пешвои миллат бо мақсади баҳо додан ва огоҳ намудани насли наврас ба гузаштаи худ ба навиштани як зумра асарҳои таърихӣ даст задаанд, ки онҳо арзиши баланди таърихӣ дошта, саҳифаи навро дар илми таърихнигории тоҷик кушодааст, асарҳои Пешвои миллат инъикосгари таърихи гузаштаву имрӯз ва махсусан дастовардҳои замони истиқлол буда, мутолиаи онҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллии тоҷикон аҳамияти вижа доранд.
Дар конфронс ҳамзамон доир ба хидмат ва ҷойгоҳи бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамолиддин Абдукаримов дар мавзуи «Тоҷикон дар оинаи таърих. Дар тарбияи ҳисси худшиносии ҷавонон» ва номзади илмҳои филологӣ, дотсенти факултети забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи номбурда Зеварой Бобоева дар мавзӯи «Саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкиму густариши хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ» андешаҳои худро иброз намуданд.
Таъкид шуд, ки имрӯз давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро касб намудааст. Барои расидан ба куи мақсуд, пеш аз ҳама бедорӣ, огаҳӣ, худшиносӣ ва раҳоӣ аз ғафлат муҳим аст. Чун ба худшиносӣ расидем, он гоҳ ба ҳадди худшиносии миллӣ камол меёбем. Зеро давлати мустақили навини тоҷикон бо номи мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад, зеро Пешвои миллат рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад.
Конфронс бо ироаи дигар маърӯзаҳо ва мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд