12 Декабр 2024
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба бинои иловагии гимназияи №1-и шаҳр санги асос гузошта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос барои синфхонаҳои иловагии гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури аҳли таълимгоҳи номбурда изҳор дошт, ки алъон дар ҳудуди вилоят бинобар афзоиш ёфтани аҳолӣ бунёди ҳамасола 50 адад мактаби нав ва 20 адад кӯдакистон бунёд карда мешавад ва ин иқдомот то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. Хушбахтона ин иқдоми Давлату Ҳукуматро соҳибкорон, аҳолӣ ва шахсони алоҳида дастгирӣ намуда, дар бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми муассир гузошта истодаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд