12 Декабр 2024
Субҳи имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Фирдавс Шарифзода Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори Иҷлосия муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои шаҳрдорӣ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр иштирок намуданд.
Дар Иҷлосия масъалаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум, ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум, миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум ба баррасӣ гузошта шуда, аз ҷониби вакилон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар оғоз иброз дошт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, №882 рӯзи 2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Бо назардошти ин, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” тадбирҳои мушаххас андешад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст ва он ироа карда шуд.
Сипас, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати ҳафтум иборат аз 13 нафар ташкил гардид, муаррифӣ шуданд ва он тасдиқ карда шуд. Барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд 40 адад ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар охири Иҷлосия ба масъулин ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи сиёсӣ тибқи талаботи Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд