(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 70-солагии мавлуди Шаҳрванди фахрии Хуҷанд, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Мавлуда Шарифзода дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили адабӣ доир гардид, ки дар он ҳамкорону пайвандон, ҳамкасбону ҳамқаламон ва умуман, алоқамандони матбуоти давр ҷамъ омаданд.

Маҳфилро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ифтитоҳ намуда, мақсад аз таҷлили ҷашни ин сарсупурдаи касби рўзноманигорӣ Мавлуда Шарифзодаро матраҳ сохт ва суханро ба муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дод.
Зайнура Азимӣ Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 70-солагии мавлуди ин устоди сухан қироат намуд. Дар номаи шодбошӣ омадааст, ки Мавлуда Шарифзода баробари фаъолияти рўзноманигорӣ, ҳамчунин ба эҷод ва нашри китоб даст зада, муваффақ гаштааст. Алалхусус, китобҳои “Ҷўрабек Муродов”, “Ҷамолу зиннати дунё”, “Нури зиндагӣ” ва “Тўхтабой Ғаффоров” маҳсули заҳматҳои Мавлуда Шарифзода мебошанд.
Маҳз тавассути дониши амиқу сабки махсуси роҳбарӣ тавонистааст, ки нашрияи «Тирози ҷаҳон»-ро ҳамаҷиҳата хонданиву ҷолиб гардонда, сол аз сол шумораи муштариёнро бештар намояд.
Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро Муяссара Қаҳҳорӣ ба самъи ҳозирин расонда, гуфт, ки мавҷудияти чунин шахсияти бузург дар матбуоти шаҳри Хуҷанд боиси ифтихор ва сарбаландист. Зимни қироати тарҷумаи ҳоли Мавлуда Шарифзода қайд гардид, ки фаъолияти журналистии ў баъди хатми донишгоҳ дар рўзномаи донишгоҳии “Маҳорати педагогӣ”, ки имрўз маъруф бо “Нури маърифат” аст, ба сифати сармуҳаррир оғоз шуда, солҳои 1980 - 1998 мудири шўъба ва муовини сармуҳаррир дар идораи рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” ва солҳои 1998-2013 сармуҳаррири рўзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» буд. Чанд сол сарварии шўъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро низ ба ўҳда дошт. Роҳбарии тўлонӣ дар рўзномаҳои вилоятиву шаҳрӣ маҳорати касбии ўро рушд дод.
Ў инсони масъулиятшинос, нисбат ба матбуоти тоҷик, устод ва мураббии чандин қаламкашони ҷавон буда, меҳнати пуршарафаш ва талошҳои шоистааш аз ҷониби давлату ташкилотҳои эҷодӣ қадр гардидааст. Хизматҳояш дар рушди журналистикаи тоҷик ва соҳаи фарҳанг бо унвони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, Ҷоизаи ба номи Қосим Дайламӣ қадр шудааст. Соли 1980 “Журналисти беҳтарини сол” дар Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1984 соҳиби медали нуқраи Намоишгоҳи Комёбиҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шўравӣ шуд. Соли 1996 Ҷоизаи ташкилоти байналхалқии Юнеско “Оини бародарӣ”-ро соҳиб гардид.
Соли 2003 ўро бо мукофоти давлатӣ, Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карданд. Ў барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ мебошад.
Табрикоти сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода қироат гардида, ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Ҳамчунин, Замира Мансурӣ, муовини раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд номаи шодбошии раиси кумиҷроия Мирзоқосим Каримзодаро ба соҳибҷашн қироат кард.
Раиси шўъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикис-тон устод Аҳмадҷони Раҳматзод ва котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Карим Шариф дар ҳаққи шахсияти ин қаламкаши моҳир суханони меҳрбор ба забон оварданд. Ба соҳибҷашн нишони “Ифтихор”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тақдим гашт.
Дар қисмати адабӣ Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона меҳрномаи худро, ки саршор аз лутфу самимият буд, иброз дошта, хотироту ёддоштҳои худро варақгардон намуд.
Устоди донишгоҳ Субҳони Аъзамзод дар мавзўи «Шинохти чеҳраҳои маъруф дар таълифоти Мавлуда Шарифзода» ва рўзноманигору адиб Хуршеда Содиқова дар мавзўи «Мавлуда Шарифзода – бонуи суханвар» маърўза карданд.
Ҳамкорону дўстон ва шогирдони устод Мавлуда Шарифзода суханони пурмеҳру самимии худро нисбат ба ин зани дилогоҳу дардошно, рўзноманигори варзида, адиби моҳир иброз доштанд. Аз ҷумла, Шоири халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд» Толиби Озарахш, шоир Аъзами Хуҷаста, сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Аминҷон Шарифзода, сармуҳаррири рўзномаи шаҳрии «Тирози ҷаҳон» Муҳайё Воситзода, муҳаррири телевизион ва радиои вилояти Суғд Ҷовид Ниёзӣ ва хабарнигори радиои «Озодӣ» Фарзон Машарифов аз хусуси хислатҳои наҷиб, дастгирии ҳамкорону шогирдон, хоксориву фурўтанӣ, донишмандиву фозилии ўро ба забон оварданд.
Фарзанди соҳибҷашн Дилноза Аҳмадзода барои ташкили чунин маҳфили хотирмон аз номи аҳли оила ва пайвандон сипос гуфта, ифтихормандии худро бо чунин модари бузург изҳор кард.
Маҳфили адабиро соҳибҷашн Мавлуда Шарифзода ба итмом расонида, сипоси худро ба Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ташкили маҳфили адабӣ ба муносибати 50-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 70-солагии мавлуд баён намуда, ваъда дод, ки минбаъд низ барои тарбияи мутахассисони соҳаи матбуот кўшиш хоҳад кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...