10 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТМУ№9-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва муовинони сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр оид ба корҳои тарбиявӣ машварати доимоамалкунанда баргузор гардид.
Дар ҷараёни машварат рафти иҷрои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Халичахон Асимова, муовини директор оид ба тарбияи МТМУ №9-и шаҳри Хуҷанд дар ин мавзуъ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо хатару таҳдидҳои амнияти глобалӣ қарор доранд, ки моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте вуҷуд доранд, ки на ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки тамоюли паҳншавиро дар ҳама минтақаҳои олам дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳо, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷо гирифтааст, ба ҷузъ бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Таъкид шуд, ки терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳаргуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.
Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва иттифоқу дастҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то инки ватани худро аз дасисаҳои душман эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврасу ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзи ватан, обод кардани он, хизмат ба падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву некукорист.
Сипас дар синфхонаҳои алоҳида дарсҳои кушод бо ҳузури муовинони тарбиявии сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзуҳои “Пешвои миллат-эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ”, “Нон неъмати бебаҳост”, “Мо ҳомиёни табиат”, “Адаб ҳусни инсон аст”, “Дар зарари пурхӯрӣ”, “Бобоҷон Ғафуров-фарзанди фарзонаи миллат”, “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” ва ғайраҳо гузаронида шуданд. Баъдан машғулиятҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд