05 Декабр 2024
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат» ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ иштирок ва суханронӣ намуда, дар мавриди сабабу омилҳои ба хушунат гирифтор шудани занону бонувон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша кард.
Зикр шуд, ки маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат» дар тамоми кишварҳо бо қарори махсуси СММ 25 ноябр оғоз гардида, 10 декабр анҷом меёбад.
Дар ҳамоиш доир ба баланд бардштани мақоми зан дар ҷомеа мубодилаи афкор сурат гирифт.
Таъкид шуд, ки маҳз бо дастгирӣ ва иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон дар замони соҳибистиқлолӣ ба муваффақият ва дастовардҳои зиёде ноил гардида, дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат, тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос, ватанпарасту дорои ҳувияти баланди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши муассири занону духтарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст. Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбуди вазъи занону духтарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдоми неку наҷиби онҳо заминаю имконияти мусоид фароҳам меоварем».
Намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Сарчашма” Муазама Болтаева перомуни пешгирии хушунат, зиндагии хушҳолона, шукронаи амну осоиштагии Ватан, ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, маърифати оиладорӣ ва ғайраҳо ибрози андеша кард.
Ҳадафи ҳамоиш баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим арзёбӣ карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён рақсу суруд ва саҳначаҳои ҷолиби ҳаётӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.