05 Декабр 2024
Дар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини дахлдор ҷаласаи васеи корӣ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббию пешгирии бемориҳои сироятӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ мулоқот баргузор гардид.
Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Азаматхӯҷа Воҳидов доир ба вазъи эпидемологии шаҳр ва корҳои анҷомёфта ҷиҳати пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ маълумоти муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, солимии мардум боигарии давлат ва ҷузъии таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст. Бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст.
Зикр шуд, ки мо ҳамагон дар солимии аҳолӣ ва нигоҳдошти он муваззафем. Мо бояд воқеъбинона ба фаъолияти худ баҳо диҳем, яъне то кадом андоза уҳдадориҳои худро бо масъулият иҷро менамоему дар ҳифзи саломатии мардуми кишвар ва ҳимояву солимии миллатамон саҳмгузор бошем. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки дар байни аҳолӣ навъҳои гуногуни бемориҳо, ки бевосита ба истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва ё сироятёбӣ алоқамандӣ доранд, бинобар беаҳамиятӣ ва бемасъулиятӣ хуруҷ менамояд. Мо бояд баҳри пешгирии зуҳури ин бемориҳои тадбирҳо андешем. Мутахасисони соҳаро саривақт огоҳ созем.
Азаматхӯҷа Воҳидов гуфт, ки аз ҷониби Марказ ҷиҳати ба низом даровардани ҳолати санитарию эпидемологӣ, риояи қатъӣ ва ҳатмии қоидаю меъёр, мутобиқат ба талаботи санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, таъмизгардонӣ, дезинфиксионӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва махсусан ба воситаи хунгузаранда пайваста тадбирҳо андешида мешавад. Вале ин нокифоя буда, ошкор шудани бемориҳои сироятӣ моро моро водор месозад, ки бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият намуда, корҳоро боз ҳам дар ин самт тақвият бахшем.
Дар ҷараёни мулоқот масъулини соҳа баромад намуда, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ изҳори назар намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ мулоқотро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳодисаҳои ба қайдгирифташудаи бемориҳои сироятӣ асосан бо роҳи тамосию маишӣ сурат мегирад. Бояд дар ҳамаи манбаҳои сироят тадбирҳои пешгирикунандаи безараркунӣ гузаронида шаванд. Зикр гардид, ки яке аз усулҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ин саривақт дарёфт кардан ва бистарӣ намудани бемор мебошад.
Дар анҷоми мулоқот суолу дархост ва пешниҳодоти мушаххас аз ҷониби иштирокдорони мулоқот манзур ва баррасӣ гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд