03 Декабр 2024
Дар шаҳри Хуҷанд Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимактабии хонандагони назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд амал мекунад, ки ҳадафи ин марказҳо дарёфти истеъдодҳои нав, тарбия ва камол расонидани онҳо, омӯзиши касбу ҳунар, ҷалби хонандагон ба омӯзиши технологияи муосир, омодагӣ ба олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ва ғайраҳо мебошад.
Бо мақсади шиносоӣ аз вазъ муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ба Марказҳои номбурда ташриф оварда, бо фаъолияти он аз наздик шинос гардид.
Таъкид шуд, ки бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав ва дар ин замина мусоидат ба касб интихоб намудани хонандагони болаёқат ва рушди ҳаракати олимпӣ дар ин Марказҳо силсилаи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.
Хонандагони хоҳишманд аз тамоми муассисаҳои таълимӣ фориғ аз дарс ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази технологияҳои иттилоотӣ, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимактабии хонандагони назди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд омада дар маҳфилу машғулиятҳои он ройгон иштирок намуда, донишу қобилияти хешро равнақ бахшанд.
Бояд қайд намуд, ки таҳсил дар ин Марказҳо комилан ройгон буда, дар ҷараёни таълим хонандагон имкони рушд додани қобилияти зеҳниву эҷодкории худ, гирифтани тавсия оид ба касбинтихобкунӣ ва роҳнамоӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти касбиро пайдо намуда, ҳамзамон барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода мешаванд.
Ҳамчунин аз фаъолияти литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шиносоӣ карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд