17 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб – интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бунёд ёфта, дастрасии ятимонро ба таҳсили босифат таъмин месозад.
Бинои таълимӣ бо 16 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти хониш тарҳи муосир дошта, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва анъанавӣ, кабинетҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба ташаккули донишу маънавиёти хонандагон мусоидат менамояд.
Дар маҷмуъ 20 нафар омӯзгор ва мураббияҳои соҳибтахассус метавонанд донишу ҳунар, истеъдод ва эҳсоси худшиносии тарбиятгирандагонро дар шароити мусоид тақвият бахшанд.
Иншооти варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талабот бунёд шудааст ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба машқу тамрин замина мегузорад.
Зиндагии тарбиятгирандагон дар хобгоҳи дорои шароити сатҳи баланд интиҳои ташвишу нигаронии онҳо шуда, ба камолоти онҳо дар муҳити солим замина мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити будубош ва таълиму тарбия дар Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ба гурӯҳи соҳибкорон изҳори сипос намуда, иқдоми онҳоро намунаи олии инсондӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбари давлат маънидод карданд.
Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сохта шудааст, тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 дар деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан, аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Муассиса дорои 11 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 30 нафар омӯзгори соҳибтахассус метавонанд раванди таҳсили хонандагонро дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар деҳаи Порвени деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент норасоии ҷойи нишаст ва дигар мушкили самти таҳсил дар деҳоти мазкурро бартараф намуд. Иншоот дорои 12 синфхона буда, дар он имкони ба таҳсил фаро гирифтани 320 хонанда дар ду баст вуҷуд дорад.
Бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94, ки дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт, сифати таълиму тадриси хонандагонро боз ҳам беҳтар менамояд. Бинои иловагии таълимӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат бунёд шуда, дорои 6 синфхона мебошад.
Ба ҳамин тариқ дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 ифтитоҳ ёфт. Иншоот бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои 20 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш мебошад. Бо бунёди муассисаи нави соҳаи маориф имкон аст, ки 1280 хонанда дар ду баст ва дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Бунёди 4 иншооти соҳаи маориф, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ифтитоҳ шуд, ба таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кории нав ва барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани 2000 хонанда дар ду баст дар вилояти Суғд мусоидат менамояд.
Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ кӯдакону наврасони ятим мулоқот намуданд.
«Таваҷҷуҳ ба ҳалли мушкилот ва дар муҳити солим ба воя расонидани кӯдакони ятиму бепарастор дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад ва мо намегузорем, ки Шумо лаҳзае худро бекасу танҳо бубинед»-таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сипас Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 120 нафар наврасону ҷавонони ниёзманд маҷмуи сару либос, ширинӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим намуда, аз онҳо омӯзиши илму ҳунари мутобиқ ба замони муосирро талаб карданд.
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кули Сарез”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар заминаи ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов, бо харҷи наздик як миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.
Корхона дар масоҳати 22 садяк замин бунёд шуда, дорои анбори нигоҳдории ашёи хом, маҳсулоти тайёр, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ин корхона 17 нафар сокини маҳаллӣ, ки аз ин 9 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 310 тонна антифриз буда, маҳсулоти воридотивазкунанда ба шумор меравад. То ҳол ин навъи маҳсулот барои нақлиёт ва марказҳои гармидиҳӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.
Ҳамзамон дар корхона барои ҷойгир намудани моеи истеҳсолшуда, зарфҳои пластикии 1 ва 4,7 литра аз ашёи хом истеҳсол карда мешавад ва маҳсулоти истеҳсолӣ дар зарфҳо ҷойгир ва бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба мизоҷон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
Моеи зидди ях, ки аввалин бор истеҳсоли он дар ин корхона ба роҳ монда шудааст, барои сардии аз 31 то 40 дараҷаи ҳаво пешбинӣ шудааст.
Дар корхона барои фаъолияти кормандон шароити лозима фароҳам оварда шудааст. Маоши миёнаи кормандон ҳоло то ду ҳазор сомониро ташкил дода, оянда бо афзун гардидани даромади корхона зиёд карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот баҳои баланд дода, вобаста ба зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ ва ба роҳ мондани содироти он дар оянда дастуру маслиҳатҳо доданд.
Пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба бахши хусусӣ боиси дилгармии соҳибкорон дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ гардида, ҳамчунин сабаби тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва ғанӣ гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатӣ шудааст.
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Зокиров дар масоҳати 50 садяк замин бунёд шуда, се коргоҳ, аз ҷумла коргоҳи кафшергарӣ, таъмири трансформаторҳо ва рехтани сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ иборат аст.
Дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб карда шудаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳану бетонии барқӣ дар як сол 2200 дона буда, сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Сутунпояҳои оҳану бетонӣ бо андозаҳои гуногун, аз ҷумла 11, 10,5 ва 9,5 метр истеҳсол шуда, барои хатҳои барқии 0,4, 6 ва 10 киловолта истифода бурда мешаванд. Истеҳсоли сутунпояҳо дар берун ба роҳ монда шудааст ва дар мавсими сардӣ ин сутунпояҳо тавассути буғ дар дастгоҳи махсус хушк карда мешаванд.
Роҳбари давлат ба корҳои сохтмонӣ ва имконияти фароҳамгардида дар ин корхона баҳои баланд дода, соҳибкори ватаниро барои боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори он ва васеъ намудани доираи фаъолият дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Дар коргоҳи таъмири трансформаторҳо 5 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, иқтидори он дар як сол таъмиру навсозии 150 трансформаторро ташкил медиҳад. Барои аз таъмир баровардани трансформаторҳо дастгоҳи борбардор ва дастгоҳ барои печонидани ғалтакҳои шиддаташон 0,4, 6, 10, 35 ва 110 киловолта (кВ) васл карда шудааст.
Дар ин коргоҳ барои хушк намудани ғалтакҳо ва тоза намудани равғани трансформаторҳои вайроншуда имконияти хуб фароҳам оварда шудааст.
Болорҳои барқӣ, ки барои насби ноқилҳо ба сутунпояҳо ва васли онҳо ба трансформатор пешбинӣ шудааст, низ дар ин корхона истеҳсол карда мешаванд.
Мутахассисони корхонаи мазкур имкон доранд дар як сол истеҳсоли беш аз 1300 чунин болорҳои барқиро бо шаклу андозаҳои гуногун ба роҳ монанд. Ҳамчунин барои равшаннамоии кӯча ва шафати роҳҳо низ сутунпояҳои барқӣ бо насби чароғҳо сохта мешаванд.
Илова ба ин дар корхона сохтани қуттиҳо барои ҷойгир кардани трансформатор, инчунин калидҳои барқӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз дохили кишвар дастрас мешавад. Дар маҷмуъ дар корхона 20 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Масъулини корхона нақша доранд, ки дар сурати афзоиши талабот доираи фаъолияти худро васеъ намуда, шумораи коргаронро низ зиёд менамоянд.
Дар саҳни корхона намунаи маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда буд. Роҳбари давлат зимни шиносоӣ бо намунаҳои маҳсулот ба сифати онҳо баҳои баланд доданд.
Дастгириҳои пайваста ва пешниҳоди имтиёзҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба бахши хусусӣ боиси ҳавасмандию дилпурии соҳибкорон гардида, сол то сол бунёди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар афзоиш пайдо кардааст.
Фаъолияти ин корхона низ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шуда, дар самти коҳиши маҳсулоти воридотӣ саҳми назаррас мегузорад.