09 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Муассисаи давлатии “Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” соҳиби бинои нав хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳаи пешакӣ иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд. Маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо тарҳи пешниҳодшуда ба лоиҳакашону меъморон барои омода намудани лоиҳаи биноҳои сохташаванда, саҳн ва атрофи иншоот, ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ дар вақти таҳияи лоиҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд