09 Ноябрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Милитсия – сипари боэътимоди Ватан
Муҳтарам генералон, афсарон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд!
Нахуст ҳамаи Шумо кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷандро ба ифтихори иди касбӣ, яъне Рўзи милитсияи тоҷик самимона шодбод гуфта, барояшон тани сиҳату хонаи обод, саодати зиндагиву муваффақият ва дар иҷрои рисолати пуршарафу ифтихормандашон барору комёбӣ орзу мекунам.
Мусаллам аст, ки пешрафти давлат ва ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мус-тақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зимаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.
Мақомоти милитсияи тоҷик аз рўзҳои аввали эълом гаштани соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоту сохторҳои низомӣ аз ўҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор – барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромад.
«Рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонунҳо, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту су-боти ҷомеа вобастагии мустақим дорад», – гуфтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон басо рамзиву саривақтист, зеро мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳад.
Ҳар қадаре ки шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин бошад, ҳамон қадар қудрату тавоноии давлат зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мегардад.
Ҷаҳони муосир аз рўйдоду таҳаввулоти пурпечутоб, бахусус ҷангу нооромиҳои шадид дар баъзе кишварҳо ва минтақаҳои дуру наздик, бори дигар халқи моро ҳушдор медиҳад, ки истиқлолияту озодӣ, соҳибватанӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми Тоҷикис-тон дастоварди ниҳоят пурарзиш ва бозёфти нодири таърихӣ маҳсуб меёбад.
Дар назди милитсия вазифаҳои муҳим ба монанди тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии насли наврасу ҷавон ба ташкилоти террористиву экстремистӣ меистанд. Ин нукта мунтазам дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода садо медиҳад.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд мисли ҳамеша ҳамчун як шохаи муҳими Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми донишу малака ва таҷрибаи бойи хешро баҳри оромиву осудагии халқ, амну суботи шаҳру кишвар ба кор мебаранд ва оромиву суботро дар кишвар пойдор созанд. Давлату ҳукумат меҳнату талошҳои шаборўзии кормандони мақомоти милитсияро қадр мекунад. Ин аст, ки ҳамасола баҳри зиндагии шоистаи онон бо фармонҳои Пешвои миллат маошу нафақаи кормандон ва собиқадорони милитсия зиёд мегардад, шароити зисту буду бошашон беҳтар мешавад.
Бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳрро ба ифтихори иди касбӣ табрику таҳният гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият, ки ҳама ба нафъи давлат, ватан ва халқи Тоҷикистон нигаронида шудааст, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоям.
Сарбаланду саодатманд бошед, кормандони баору номуси милитсия!