30 Октябр 2024
Бахшида ба ҷашни Меҳргон дар МТТ №16-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолӣ таҳти унвони “Тирамоҳи бошукуҳ” баргузор гардид.
Дӯстрӯякон шеъру суруд ва гуфторҳоро доир ба ҷашни ниёгон-Меҳргон бо маҳорати хуб ироа намуданд.
Таъкид шуд, ки Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии фарҳанги ориёиён аст ва таърихи чандҳазорсола дорад ва давоми таърих бо дину ойин ва фарҳангҳои мардумони мухталиф даромехта, дар худ розу ҳикмати офариниши гетӣ, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва табиат, фалсафаи некӣ ва ҷовидонагиро нигоҳ доштааст.
Меҳр номи Офтоб аст “ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд”, ин рӯзро Меҳргон номиданд ва “то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум монанди он ки дар Наврӯз гуфта шуд, ид қарор доданд. Ва барои ҳар табақе панҷ рӯз ид донистанд”.
Рӯзи 16 Меҳрмоҳ, ки меҳррӯз ном дорад, иди Меҳргон баргузор мешавад.
Дар рӯзи 16-уми Меҳрмоҳ, яъне дар Меҳргон “ҳар чизе, ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад”.
Дар маҳфили хушҳолӣ рақсҳои ҷолиб зери навои сурудҳои ватандӯстона бо маҳорати зебо аз ҷониби тарбиятгирандгон иҷро карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд