11 Сентябр 2024
Дар доираи таҷлили 100-солагии таъсисёбии гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд, як қатор меҳмонон, аз ҷумла Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, собиқ сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия Александр Смирнов, Консули генералии Русия дар Хуҷанд Сергей Ланкин, роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар шаҳри Хуҷанд Татяна Мудрова, хатмкунандаи гимназия профессор Абдушукур Назаров ва дигарон ба ин муассисаи таълимӣ ташриф оварданд.