(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд.

Бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахши кӯдаконаи шуъбаи ҷарроҳии асаби Беморхонаи шаҳрии клиникии № 1 шаҳри Хуҷандро баъд аз таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бахши кӯдаконаи шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 дар вилоят ягона табобатгоҳ буда, дар он табибони соҳибтахасус кору фаъолият доранд. Бахши кӯдаконаи шуъбаи ҷарроҳии асаб дорои 12 кати муолиҷавӣ буда, баъди азнавсозӣ ба маблағи беш аз 800 000 сомонӣ бо таҷҳизоти муосири таъмин карда шуд. Ба табибон таҷҳизоти муосир аз ҷумла дастгоҳи эндоскопӣ, ЭОП, мизи ҷарроҳии ҳозиразамон имкон медиҳад, ки табибон ҳамаи намудҳои омосҳои мағзи сар ва ҳароммағз, бемориҳои шараёни мағзи сар, бемориҳои модарзодии системаи марказии асаб, нуқсонҳои системаи марказии асаб, нуқсонҳои системаи марказии асаб, нервологияҳои системаи мағси сар ва ғайраро ташхису табобат намоянд.
Дар ҳамин ҷо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо табибони беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 сӯҳбати озоду ошкоро намуда, аз дастовардионҳо, махсусан гузаронидани ҷарроҳии нодир маълумот пайдо намуда, онҳоро барои такмили ихтисос ва донишандӯзии бештар дар клиникаҳои пешрафтаи дунё муосидат намуд.
Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки табибони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои ташхис ва табобати бемориҳо зиёда аз 2 ҳазор амалиёти нав ворид намуданд ва дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб боло рафтааст. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарпешистода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ояндаи наздик дар соҳаи тибби кишвра таҳаввулоти ҷадид ба миён меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 62 навгонӣ, аз ҷумла 27 адад дар самти ташхис ва 35 адад дар самти табобат ворид карда шуд.
Навгониҳои ба самти ташхис воридшуда бемориҳои саратон, меъдаю рӯда, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, бемориҳои пӯст ва дар самти табобат ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, бемориҳои меъдаю рӯда ва саратон, ҷарроҳиҳои қафаси сина, абдоминалӣ, рентгенэндоваскулярӣ ва чашмро дар бар мегиранд.
Дар шашмоҳаи аввал дар 139 нафар амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо (2023-124) гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 15 адад зиёд мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар солҳои пеш беморон барои ташхис ва табобат ба хориҷи мамлкат сафар мекарданд. Имрӯз аз хориҷи мамлкат барои ташхис ва табобат ба Тоҷикистон меоянд.
Зеро дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар муассисаҳои тиббӣ тамоми шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...