(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати “Сайҳун” оғоз бахшида, аз шароити кор ва имкониятҳои коргоҳ диданд карданд.

Коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд аз ҷониби роҳбари ширкати “Сайҳун”, соҳибкори ватандӯст Исмоилов Нозимҷон ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ барои бунёди коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд аз 1 августи соли 2023 оғоз гардида, ба ҷалби зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ва бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар масоҳати умумии 1 га замин бо сифати баланд ба итмом расиданд.

Ширкати “Сайҳун” дорои фермаи парандаправарӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар он 5 сех, ки ҳар кадом барои нигоҳубини 15 ҳазор сар чӯҷа пешбинӣ шудааст, фаъолият мекунад.

Зимни муаррифии имкониятҳои коргоҳи мазкур ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳ дар як сол имкон дорад то 420 тона гӯшти мурғро коркард намояд. Барои пешбурди кори босифат дар коргоҳ аз рӯйи лоиҳа 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки музди маоши моҳона барои як нафар 1800 сомонӣ муайян гардидааст.

Дар корхона барои парвариш ва нигоҳубини чӯҷаҳо дар сехҳо таҷҳизоти муосири соҳавӣ насб шудааст.

Тибқи маълумот, барои бунёди коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд 1,5 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизот аз кишварҳои пешрафтаи дунё 286 ҳазору 259 сомонӣ сарф шудааст.

Дар саҳни коргоҳи навбунёд навъҳои маҳсулоти истеҳсоли ширкати “Сайҳун” ва коргоҳҳои дигари вилоят, аз ҷумла “Мурғи аълосифат”-и шаҳри Гулистон, “Чӯҷаи Байзо”, “Амина К”, фабрикаи парандапарварии “Назар Н”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Зарнисор Н”-и ноҳияи Зафаробод намоиш дода шуда, маҳсулоти бастубандшудаи коргоҳҳо муаррифӣ карда шуд.

Тибқи маълумот дар вилояти Суғд зиёда аз 60 фабрикаи парвариши парандаи гӯштӣ фаъолият мекунад. Омор нишон медиҳад, ки дар 8 моҳи сипаригардида аз тарафи ин ширкатҳо 4020 тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст.

Аз рӯи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” айни замон дар вилоят 145 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият намуда истодааст, ки нисбати соли гузашта 15 адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 98 адад корхона ба истеҳсоли тухм, 47 адад корхона ба истеҳсоли гушти паранда, 5 корхона ба истеҳсоли тухму гушти паранда ва 2 адад корхона ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони ватанӣ аз дастгириву имкониятҳои фароҳамовардаи давлат барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар ҳавасманд гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун дар ободиву пешрафти Ватани азиз — Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд мегузоранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...