(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИстиқлоли давлатӣ – неъмати бузурги миллӣ

Ҳамдиёрони азиз, собиқадорони арсаи меҳнат, насли ҷавони ояндасоз!

Бо камоли ифтихору фараҳмандӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи шуморо ба муносибати муқаддастарин ва олитарин ҷашни мардуми кишвар 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегўям.

Истиқлол ганҷи бебаҳо, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии давлат буда, барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту сао-дати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони азиз мебошад.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи шоиставу ибратбахш буда, дар як муддати кўтоҳтарин аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт. Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик тасмияти сиёсӣ пайдо намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдаҳи миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо халқи кишвар, ба мардум чунин муроҷиат намуданд: “Халқи азизам. Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар фарди ту бовар дорам. Миллати бузурги ман. То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дўст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам. Халқи бузургу қаҳрамони ман. Мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ Ватани азизамон – Тоҷикистонро ба биҳишти рўи замин табдил медиҳем. Миллати куҳанбунёд ва соҳибмаърифату таҳаммулгарои тоҷик. Рўзҳои сангин ва вазнину торикат паси сар шуданд. Акнун дилпурона ва бо қадамҳои устувор ба сўи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланд ба пеш. Мардуми сарбаланду сарфарози ман. Роҳат ба сўи ояндаи обод сафеду иқболат то абад нек бошад!» Ин суханони самимӣ ва ҷонбахши Пешвои миллат сарманшаи кору пайкори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст ва дар фаъолияти ҳамарўза чун шиори талқинкунанда ба роҳи ояндаи пурсаодати мардуми тоҷик истифода мегардад.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳри бостонии Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ободониву бунёдкориҳо мунтазам вусъати тоза мегиранд.
Ба истифода додани даҳҳо иншооти ҷашнӣ, обод гардидани садҳо километр роҳ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият шурўъ намудани даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва амсоли он, ҳама ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нигаронида шудаанд.
Ин дастовардҳо шаҳодати равшани он ҳастанд, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона дар солҳои наздиктарин барои ҳар фарди кишвар зиндагии шоиста ва рўзгори ободро фароҳам меоварем. Дар марҳилаи кунунӣ ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки муҳофиз ва нигоҳдори Истиқлоли давлатӣ бошад ва бо эҳсоси баланди ватанхоҳию сулҳпарастӣ онро ба наслҳои оянда комилу бегазанд ба мерос гузорад.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамшаҳриён ва меҳмонони азизи шаҳрро бо ҷашни хуҷаставу муқаддаси миллӣ 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбод мегўям. Бигузор осмони кишварамон соф, парчами давлатиамон парафшон, зиндагии мардумамон беҳтар, дастовардҳоямон бештар гарданд ва ҳама бо якдилӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро истиқбол намоем.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор ва ҷовидон бод!
Ҷашни бузурги Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...