(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Кохи фарҳанги «Суғдиён» маросими супоридани Ифтихорнома ба фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.

Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла
қайд карда шуд, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барўманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии вилоятро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз мегардонад.
Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс ҳамагонро бо фарорасии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки воқеан ҳам, Истиқлолият ганҷи бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерўбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад. Зеро маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба сар барем.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.»
Шаҳрдор гуфт, ки агар ба марҳилаи рушди 33 соли соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, густариши сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дар маҷмўъ дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари мустақил арзи ҳастӣ кардани Тоҷикистони азиз, аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла маркази вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ ҳамарўза вусъати тоза гирифта, дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба мо муяссар гардид, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Ҳамчунин, бо шукргузорӣ метавон қайд намуд, ки имрўзҳо амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бо санъати баланди меъмории муосири миллӣ бунёди иншооту биноҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кўчаҳо бомаром идома дошта, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки албатта, ҳамаи ин ободиву пешравиҳо ва созандагиву бунёдкориҳо аз азму иродаи қавӣ ва меҳнати аҳлонаи сокинони Хуҷандшаҳру соҳибкорони ватандўст, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаю идораҳои шаҳр мебошад, ки имрўз заҳмати онҳо аз ҷониби давлату Ҳуқумат қадрдонӣ мегардад.
Дар иртибот ба ин, имрўз беш аз 50 нафар кормандони касбу кори гуногун, аз қабили кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, омўзгору табиб, бинокору роҳсоз ва даҳҳои дигарон баҳри саҳми арзанда гузоштан ба пешрафту ободонии шаҳрамон бахшида ба таҷлили 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида мешаванд.
Дар анҷоми суханронии худ раиси шаҳр бо эътимоди комил изҳор дошт, ки мо бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ, ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, дар ҳамдастию шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон ҳамаи имкону тавонмандиамонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати иҷрои пурраи ҳадафҳои ба нақша гирифташуда, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашнҳои бузурги миллиамон 30-солагии Конститутсияи давлатӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дўстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба беш аз 50 нафар ашхоси касбу кори гуногун Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...