(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба Рӯзи дониш чорабинии идона баргузор гардид.

Директори донишкада, Шаҳриёр Саъдуллозода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ намуд.
Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ Паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат эълон шудани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" ва роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман", "Илм-фурӯғи маърифат" марҳилаи наверо барои вусъати фаъолияти ҷавонону наврасон боз намуда, доираи омӯзиш ва мутолиаи на танҳо хонандагону донишҷӯён, балки тамоми қишрҳои ҷомеаро густариши тоза мебахшад. Озмунҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи саводу маърифати мардум, дар навбати аввал наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон бештар тақвият ёбад”.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ироа намуд, ки дар он аз ҷумла таъкид шудааст: “Дар сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маориф ва таҳсилот дар мақоми аввал қарор дорад ва мактабу маориф доимо такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб меравад.
Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии Истиқлоли миллӣ ба рушди илму маориф ва нерўҳои ақлонии мамлакат таваҷҷўҳи беандоза зоҳир менамояд.
Барҳақ, Пешвои муаззами миллат аҳли илму маориф ва қувваи солими зеҳниро хазинаи тиллоии миллат номида, дар ҳама амалу пайкор, ҳолатҳои тақдирсози душвор, ниятҳои наву таърихӣ ва муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои аҳли маориф ва зиёро самаранок истифода менамоянд.
Шаҳриёр Саъдуллозода ҳузури меҳмононро ба донишкада бори дигар хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо оғози соли нави таҳсил машғулиятҳо аз дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад, ки ин бесабаб нест. Маҳз сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ аст, ки имрӯз пешравӣ дар ҳама соҳаҳо ба назар мерасад. Махсусан дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маориф чун пояи асосии давлатдории миллӣ хеле решуд кард. Мавриди истифод қарор гирифтани наздики 2,5 ҳазор иншооти соҳа, аз буҷети кишвар соли равон ҷудо шудани 8 млрд. 231,9 млн. Сомонӣ ба ин соҳаи муҳим, ки 18,7 фоизи буҷети давлатро ташкил медиҳад исботи гуфтаҳои болоист. Соли равон низ бо ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлат дар маркази пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 бо шароиту имкони муҷаҳази муосири техникӣ мавриди баҳрабардоӣ қарор гирифт. Дар саҳни бинои муассиса Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба заҳмати омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ меваи шаҳдбори даврони соҳибистиқлолӣ буда, танҳо аз соли 2016 то ин ҷониб ба маротиб зиёд гашта, аз 25 адад ба 48 адад расонида шудааст. Танҳо дар солҳои гузашта 8 озмоишгоҳҳои нав, ки бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, барои истифодабарӣ супорида шудааст.
Самараи чунин таваҷҷуҳ ва имкониятҳо аст, ки донишҷӯёни донишкада дар озмуну олимпиадаҳо муваффақона ширкат меварзанд.
Барои расидан ба орзуи худ ҳар як ҷавон пеш аз ҳама меҳнатдӯст бояд бошад, ватанашро сидқан дӯст дорад. Аз паи таълим бошад, бештар китоб хонад. Аз илмҳои замонавӣ огоҳии комил дошта бошад.
Дар анҷоми суханронии худ Шаҳриёр Саъдуллозода изҳори умедворӣ намуд, ки мо аз таваҷҷуҳи беандоза ва дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо бояд боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар намоем ва дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар ҳамҷоягӣ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми донишкада дар ҷомеа саъю талош варзида, мутахасисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосирро тарбия хоҳем намуд.
Сипас ҳамагон тариқи оинаи нилгун суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш, ки дар МТМУ №19-и шаҳри Душанбе сурат гирифт, тамошо намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...