31 Август 2024
Поянда бод, Дарси сулҳ ва Рўзи дониш!
Устодони собиқадор, омўзгорони гиромӣ, аҳли маориф! Донишҷўён ва толибилмони азиз!
Рўзи дониш ва баргузории дарси сулҳро ба шумо самимона шодбод гуфта, дар фаъолияти пурмасъулу самарабахши рўзафзунатон баҳри таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон барору комёбӣ, дастовардҳои нав ба нав ва муваффақиятҳои бузургро таманно мекунам.
Дар сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маориф ва таҳсилот дар мақоми аввал қарор дорад ва мактабу маориф доимо такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб меравад.
Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии Истиқлоли миллӣ ба рушди илму маориф ва нерўҳои ақлонии мамлакат таваҷҷўҳи беандоза зоҳир менамояд.
Барҳақ, Пешвои муаззами миллат аҳли илму маориф ва қувваи солими зеҳниро хазинаи тиллоии миллат номида, дар ҳама амалу пайкор, ҳолатҳои тақдирсози душвор, ниятҳои наву таърихӣ ва муҳимтарин масоили ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, донишу таҷриба ва таклифу пешниҳодҳои аҳли маориф ва зиёро самаранок истифода менамоянд.
Устодону омўзгорони азиз!
Шумо рисолати касбиву ҷонии хешро софдилонаю содиқона ба иҷро мерасонед ва ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаед, зеро баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона менамоед.
Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаъну шарафи омўзгорон дар яке аз суханрониҳояшон чунин фармудаанд: «Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба нахоҳад расид. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Маврид ба қайд аст, ки ғамхориҳои рўзафзуни Ҳукумати мамлакат, хосатан Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нисбат ба соҳаи маориф, беҳдошти сифати таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои мусоиди таҳсил тавассути бунёди таълимгоҳҳои нав, таъмиру тармими бинои мактабҳо, бо таҷҳизоти техникии навтарин таъмин намудани онҳо аз ин шаҳодат медиҳад.
Моҳи май дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нав қабул гардид. Он пеш аз ҳама, ба номи қонун тағйир ворид намуд. Қаблан қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» номида мешуд, акнун он ҳамчун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» пазируфта мешавад. Акнун дар таълиму тарбияи кўдак дар баробари падару модар, ҳамчунин мактаб ва ҷомеа низ масъулият доранд. Аз ин рў, се ниҳоди бузург – оила, мактаб ва ҷомеа дар нашъунамо ва рушди кўдаку наврас саҳми ҷиддӣ гузошта, барои ояндаи кишвари маҳбубамон мутахассисон ва фарзандони лоиқи давронро тарбия хоҳанд намуд.
Басо рамзист, ки оғози соли нави таҳсил дар остонаи сол-гарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни 30-солагии қабули қонуни асосии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Умедворем, ки шумо – насли наврас ва ҷавон бо ифтихор аз шуҷоату мардонагии аҷдодони худ бо ҳисси баланди худогоҳию худшиносии миллӣ ва ватандўстию ватандорӣ минбаъд низ пояҳои бинои мўҳташами Истиқлол ва сулҳу суботро устуворӣ ва таҳким мебахшед. Бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлат хуб таҳсил карда, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоед.
Бо чунин таманниёти нек, бори дигар оғози фараҳбахши соли нави таҳсилро ба кулли устодону омўзгорони азиз ва донишҷўёну мактабиён таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбиҳо таманно менамоям.
Рўзи дониш ва дарси сулҳ фархунда бод, устодону донишҷўён ва омўзгорону хонандагони азиз!