01 Июл 2024
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти ҶДДМ «Сирдарё» шинос гардида, барои истифодаи самраноки иқтидорҳои истеҳсолӣ тавсияҳо дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар корхона бо ному тамғаҳои гуногун обҳои ташнашикан ва афшураҳои гуногун истеҳсол гардида, меваву сабзавот пурра коркард мешавад. Дар корхонаи айни замон беш аз 40 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд, ки аксари онҳоро бонувон ташкил мекунанд.
Ҳамасола олуча, зардолу, шафтолу, анору себ, помидору бодиринг аз деҳқонон қабул карда шуда, коркард мегардад ва маҳсулоти тайёр ба бозорҳои дохилӣ, инчунин кишварҳои гуногун содирот мешавад. Нархи қабули меваву сабзавот вобаста ба сифати онҳо аз 1,2 сомонӣ то 3 сомониро ташкил мекунад
Ба иттилои масъулин дар як шабонарӯз беш аз 10 тонна маҳсулот коркард шуда, аз он то 5 ҳазор қуттии шартӣ шарбату афшураҳо омода карда мешавад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона барои ҳарчи бештар харидорӣ намудани меваҳои шаҳдбор ва коркарду содироти он тавсияҳои муфид дод.
Сипас, роҳбари вилоят дар ҶДММ «Само» бо номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ин корхона истеҳсоли лампаҳои каммасраф ва равшанидиҳандаҳо ба роҳ монда шуда, кормандони ширкат дар чароғонкунии кӯчаву хиёбонҳо ва насби камераҳои назоратӣ таҷрибаи хуб доранд. Дар корхона 50 нафар бо кор таъминанд, ки аксари онҳо дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва иҷрои корҳои чароғонкунӣ саҳми хешро гузоштаанд.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои омодасозии симчубҳои замонавӣ ва беҳтар намудани дизайни маҳсулоти истеҳсолшаванда маслиҳатҳо дод.