15 Июн 2024
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иқдоми роҳбарият ва кумитаи иттифоқи касабаи ин муассисаи таълимӣ бахшида ба 35 -солагии фаъолияти собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Холматова маҳфил таҳти унвони “Муҳаббати устод” баргузор гардид.
Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода дар маҳфил баромад карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонии собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд ва хизматнишондода ба ҳукми анъана даромадааст. Дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ низ ин иқдоми нек дар амал татбиқ гардида, идома дорад. Маънои зиндагӣ чунин буда, ки ҳар кас ба қадри имконияти хеш дар рушду такомул ва ғанӣ сохтани маърифати инсонӣ ҳиссагузорӣ мекунад. Яке аз чунин нафарон собиқадори муассиса, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ, мудири бахши кор бо занон ва духтарони муассиса Марҳабо Холматова маҳсуб меёбанд, ки ин нафар бо хизматҳои арзандаашон ба мақому мартабаи баланд расидааст. Роҳи тайнамудааш барои имрӯзиён намунаи ибрати омӯзиш аст. Шогирдони зиёдеро дар муассиса тарбия намудааст, ки имрӯз дар тамоми сохторҳои тиббии вилоят ва ҷумҳурӣ барои халқу Ватани худ хидмат менамоянд.
Сипас, мушовири сардухтури беморхонаи кӯдаконаи вилояти Суғд Фахриддин Ҳакимов, собиқадори меҳнати соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба Муҳаббат Ҷӯраева, омӯзгори кафедраи касалиҳои бачагона Раъно Туранова, мудири кафедраи забони давлатӣ Мутрибахон Мухторова, донишҷӯи факултети кори табобатӣ Сарфароз Сафарзода ва Дилфузахон Боймуҳаммадова баромад намуда, аз хислатҳои накӯ ва кору пайкори ибратбахши Марҳабо Холматова ҳарф заданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Марҳабо Холматова 15-уми июни соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи духтур ба дунё омадааст. Падараш Холматов Насимҷон, духтури дараҷаи олӣ, духтури амрози гурда, солҳои зиёд мудири шуъбаи урологии беморхонаи вилояти Суғдро дар зимма дошт. Модараш Холматова Бималика духтури мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи медали табиби халқии Иттиҳоди Шӯравӣ. Ин далелҳоро беҳуда ба қалам намедод, зеро дар оилаи табиби ҳозиқ панҷ духтар ба дунё омад, аммо танҳо Марҳабо Насимовна касби пурифтихори табибиро пеша кард. Ӯ аз овони наврасӣ орзуи духтур шуданро дар дил мепарварид. Аз ин рӯ, пайваста ба модараш тақлид намуда, ба ҳар кори модар пайравӣ менамуд. Мактаби миёнаи умумии рақами 4-и шаҳри Хуҷандро бомуваффақият хатм намуда, соли 1981 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино дохил шуда онро соли 1987 хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ як сол дар Беморхонаи клиникии бачагона аз рӯи ихтисоси духтури кӯдакон интернатураро ба итмом расонд. Аз соли 1988 то соли 1993 дар маркази саломатии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун табиби кӯдакон ба фаъолият оғоз кард. Соли 1993 ҳамчун омӯзгор фаъолияти кории Марҳабо Холматова дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, аз фанни бемориҳои кӯдакона ба шогирдон дарс медод. Марҳабо Холматова дар вазифаҳои гуногуни муассиса фаъолият бурдааст, солҳои 2001-2005 ҳамчун мудири шуъбаи кори момодоягӣ солҳои 2005-2009 ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ, дар муддати начандон тӯлонӣ ҳамчун мушовири директор, аз соли 2015-2021 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ, аз соли 2023 то ин дам вазифаи мудири бахши кор бо занон ва духтаронро дар уҳда дошта онро сарбаландона адо намуда истодаанд.
Марҳабо Холматова барои меҳнати чандсолааш бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дорандаи мукофоти давлатии Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар анҷоми маҳфил Марҳабо Холматова баромад карда, аз ҷумла афзуд, ки муаллим, чашмасори илму ирфон аст, муаллим, офтоби ақли инсон аст. Муаллим гоҳ месозад, муаллим гоҳ месӯзад, муаллим, чилчароғи равшани базми адибон аст.
Мавсуф барои баргузории чунин маҳфил ба роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва кумитаи иттифоқҳои касабаи ин муассисаи таълимӣ арзи сипос намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд