(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори тарабхонаи “Суғдиён”-и шаҳр, Суди сайёри шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он парвандаи маъмурии Ҷаҳонгир Маҳкамов, маъмури тарабхонаи "Жасмин" бо моддаи 481 қисми 1 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, мавсуф бо 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне ба маблағи 7 ҳазору 920 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуд.

Ҳамчунин якчанд аъмоли нафар ашхоси ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғулбуда, бо иштироки васеъи сокинони касбу кори гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд муайян карда шуд, ки шаҳрванд Джиянова Сухсиройи 58 сола, сокини микроноҳияи 3-юм бо роҳи фиреб бар ивази аз шаҳрвандон гирифтани маблағи пулӣ дар хонаи истиқоматиаш машғули сеҳру ҷоду ва фолбинӣ гардида, бо ин амалаш қисми 1, моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст. Нисбати мавсуф парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба маблағи 2880 сомонӣ таъин карда шуд.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи санҷиши муштарак Бимукаррам Саидова, сокини кӯчаи Варзишгарон низ муайян карда шуд, ки дар хонаи истиқоматиаш машғули сеҳру ҷоду ва фолбинӣ гардида, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон пул меситонад.
Сокини кӯчаи Пайрав Сулаймонии шаҳр Нуриддин Иброҳимов, истиқоматкунандаи микроноҳияи 31-ум Ҳафизахон Тоштемирова ва сокини кӯчаи Шараф Барноҷон Бобоҷонова низ дар ин радиф қарор гирифтанд ва ба чунин амал, яъне ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул гардида, роҳи осони пулкоркуниро дарёфтаанд ва ба ин тоифа парвандаи маъмурӣ оғоз ва ба маблағи 2880 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот муайян карда шуд, ки сӯфии масчиди Шайх Маслиҳадтин Абдураззоқ Солибоев ва посбони ин масчид Қодирҷон Ахмедов низ бо роҳи фиреб бар ивази аз шаҳрвандон гирифтани пул дар ҷои кор ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул буданд, ки онҳо низ бо ин амали нангин дастгир карда шуданд.
Ба эшон низ тибқи талаботи қисми 1, моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва нисбаташон ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба маблағи 2880 сомонӣ таъин карда шуд.
Номбаршудагон аз ин кирдори худ сахт пушаймон гардида, иқрор шуданд, ки то ба имрӯз ба мардумфиребӣ машғул буданд ва назди иштирокдорони Суди сайёр ваъда доданд, ки дигар ин кирдорашонро такрор намекунанд.
Дар Суди сайёр муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳотам Дадобойзода ва иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, полковники милитсия Авазхон Азиззода иштирок намуда, таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нафароне, ки аз худ муллову фолбин тарошида, мардумфиребиро барои хеш як василаи рӯзгузаронӣ қарор додаанд, зиёд ба чашм мерасанд. Аксар мизоҷони ин нафарони ба ном табибу сеҳргар бонувон буда, барои табобат, аз дарди дил ва фарзанддор шудан, гармиву сардӣ намудани шахсе ба назди онҳо мераванд. Ҳарчанд сеҳр намудану фол дидан, ҷодугарӣ кардан тибқи оини мусалмонӣ гуноҳи азим ба ҳисоб равад ҳам, мутаассифона мардум аз сабаби паст будани маърифату содагии хеш ба назди ин тоифа мераванд ва ин нафарони мардумфиреб, ки гӯё аз ғайб ҳарф мезананд ва мушкилоти нафари корафтодаро комилан бартараф карда метавониста бошанд, эшонро дилпур менамоянд ва ваъдаи дар муҳлати муайян гӯё “ҳал” шудани мушкилоташонро медиҳанд. Ҳол он ки, худашон дар ҳалли мушкилоти хеш зимни боздошташон аз ҷониби кормандони милитсия оҷиз монданд.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баъди тамошои ин наворҳо, хулосабарорӣ намуда, ҳаргиз ба суханони макромези чунин тоифа дода нашаванд, бо ақлу имони солим муносибат намуда, танҳо ба такя ба тибби муосир мушкилоти худро ҳал намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...