05 Июн 2024
Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мулоқоти намояндагони Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, ҳадаф аз баргузории онро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ намуд.
Сипас, Балаҷон Идрисзода, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла афзуд ки ҳадафи эълон намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, муносибати шаҳрвандон нисбат ба ҳуқуқ ва қонун, иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ, риояи якхелаи қонунҳо, иҷрои уҳдадориҳо дар назди давлат, ҷамъият, коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва пешгирии ҷинояту қонуншикӣ маҳсуб мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки «рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад ва воқеан, ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиядида такя менамояд, аз шикасти ирода ва нестшавӣ эмин буда, ба рушду пешрафти саросарӣ ноил мегардад. Зеро шуурнокии ҳуқуқии миллат аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибор ва нуфузи он дар миқёси ҷаҳони муосир дониста мешавад».
Таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
Қисми 2-и ин модда ба хусусиятҳои асосии конститутсия — қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он ва мустақиман амал кардани меъёрҳои конститутсия ишора карда, муқаррар мекунад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал менамоянд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё қисмҳои таркибии онҳо меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо ин ба ду нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд ишора мекунад: якум, ба конститутсия асос ёфтани давлати ҳуқуқбунёд ва аз конститутсия маншаъ гирифтани он ва дуюм, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ки мақсади он пешгирӣ намудани суиистифода гардидани ваколатҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Бо ин гуфта метавонем, ки конститутсия дар меҳвари давлати ҳуқуқбунёд қарор дошта, мустақиман ядрои онро ташкил медиҳад, ки ба ин тавъамандии конститутсия ва давлати ҳуқуқбунёд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 низ ишора шудааст. Гуфта шуд, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».
Иттилоъ дода шуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 давоми мантиқии сиёсати ҳуқуқие мебошад, ки онро Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ татбиқ менамояд. Зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷомеае мебошад, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд. Илова ба ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки он барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот Ҷовид Равшанзода, ёрдамчии Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок ва баромад намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд