05 Июнь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз дар толори намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилояти Суғд бо иштироки ҷомеаи меҳнатии КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" ба муносибати Иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва пешқадамони истеҳсолоти соҳа баргузор шуд.
Ҷаҳонгир Мамадов, директори генералии КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" ба самъи ҳозирин номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати Иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ироа намуд.
Таъкид шуд, ки саҳми кормандони КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" дар тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр хеле назаррас буда, роҳбарияти корхона рӯзҳои охир пайваста бо мардум дар иртибот шуда, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ва вазъи экологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳо меандешанд.
Таъкид гардид, ки шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят бояд намуна ба дигар шаҳру навоҳӣ оид ба тозагии муҳити зист бошад. Воқеан ҳам бо васеъ гардидани ҳудуди шаҳр, бунёд шудани корхонаҳои нави саноатӣ ва хонаҳои шаҳрвандон талабот ба хизматрасонии коммуналӣ афзун гардида, партовҳои сахти маишӣ зиёд шуда истодааст. Бо назардошти ин омил роҳбарияти корхона бо ҷомеаи меҳнатӣ ҷиҳати саривақт гирифтани партовҳо аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва ободу зебо намудани он ҳамеша чорабиниҳоро амалӣ мегардонад. Ба шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза ҳазорҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид мешаванд, ба тозагии шаҳр ва мардуму фарҳанги шаҳрнишинӣ маҳз аз фаъолияти кормандони КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд"баҳо медиҳанд.
Дар чорабинӣ Олимҷон Қобилов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи саноати хоҷагию манзилии коммуналии вилоят, Назокат Юсупова, намояндаи Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва роҳбарияти намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар вилояти Суғд тамоми кормандони КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд"-ро бо иди касбишон табрику таҳният гуфта, ба як қатор пешсафони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд