(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрӯз директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ Алимат Мавлонзода дар ҳошияи дастуру супоришҳои дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар ироагардида, бо устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ таҳти унвони “Илм-ҳамчун омили асосии рушди Тоҷикистон” мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.

Алимат Мавлонзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти кишвар дар ҳама бахшҳо ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ҷойгоҳи махсус дорад. Хуб дар хотир дорем, ки то соли 2000- ум мамлакати мо дар ҳоли барқарорсозии сулҳу суботи сар то сарӣ қарор дошта, иқтидори иқтисодиву мудофиавӣ, рушди иҷтимоиёт ва дар маҷмӯъ пешравиҳои соҳа шуруъ аз қарни нав оғоз ёфтанд.
Сарвари давлат дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат моҳи марти соли 2015 асоси рушди маънавиёт ва пешрафти бемайлони давлатро дар иҷроиши панҷ қадами созанда – ислоҳоти бомароми маориф, рушди бонизом ва воқеии илм, татбиқи Консепсияи миллӣ, устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу ватандӯстона, ҳифз намудани шаҳрвандон аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ дониста, барои иҷроиши он дастуру ҳидоятҳо доданд.
Ин дурнигариҳои Сарвари давлат миллатро аз хатари бесаводӣ, таҳдидҳои фаромиллӣ, таассубу хурофотпарастӣ, ба таъсири фарҳангу расму русуми бегона намондани шаҳрвандон сипари боэътимод гардид.
Воқеан ҳам, рушди соҳаи маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд. Роҳбари хирадсолор дар яке аз суханрониҳояшон чунин зикр доштанд: “Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд”.
Дар ҳақиқат, рушди бонизом ва воқеии илм имкон фароҳам меоварад, ки илмҳои бунёдиро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва халқ равона намоем. Боиси хушнудист, ки барои беҳтар намудани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, кашфи роҳу имкониятҳои нави рушди кишвар ва боз ҳам устувор намудани нерӯҳои зеҳнӣ заминаҳои мусоид фароҳам омаданд. Маҳз роҳандозии Ҳадафҳои Консепсияи миллии буд, ки тавассути се ниҳоди асосӣ - ҷомеа, мактаб ва оила ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ таъмин гардад. Дар ин ҷода қонунҳои миллии мамлакат барои расидан ба ормонҳои таълиму тарбия мусоидат намуд.
Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 – юми май бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, идомаи мантиқии мулоқотҳои анъанавии Сарвари давлат бо аҳли зиё маҳсуб ёфта, як навъ наииҷагирӣ аз дастуру супоришҳои қаблан дошта маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат дар оғози суханронӣ бори дигар аз сабақҳои талхи солҳои навадуми қарни гузашта ва хисороти бузурги ҷониву иқтисодӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки маҳз хиради воло таҳаммулпазирӣ ва ифтихори баланди миллии шаҳрвандон сабаб шуд, ки мо ба сулҳу осоиштагӣ расидем. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазифаи муҳими давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин пеш аз ҳама баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ, беҳтаргардонии сатҳу зиндагии шоиста маҳсуб ёфт. Тадбиқи амалии се ҳадафи стратегӣ ва дар марҳилаи рушд қарор доштани чорумин ҳадафи стратегӣ имкон фароҳам овард, зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ орад.
Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд, ки ин рақами андак нест.
Пешвои миллат зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷўҳ намуда, дар бисёр баромад ва вохӯриҳояшон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ, ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас додаанд.
Воқеан тавре дар баромад таъкид ёфт: “Барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.”
Алимат Мавлонзода зикр дошт, ки натиҷаи ҳамин буд, ки муносибат ба илм дар кишвар дар муддати кӯтоҳ тағйир ёфт ва майли аҳли ҷомеа боз аз нав ба илм бештар гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими илму маориф дар ҷумҳурӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (1998) ва як қатор созишномаҳо аз қабили “Оид ба ҳамкории илмию техникии ҳайати иштирокчиёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил”, “Дар бораи робитаи бевоситаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба ҳамкории илмию техникӣ”, “Оид ба якҷоя истифодабарии объектҳои илмию техникӣ аз тарафи иштирокчиёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил” ва ғайраро ба тасвиб расонид.
Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои мазкур омилҳои асосии пешрафти соҳаи илм дар кишвар гардиданд. Солҳои охир фаъолияти аспирантура ва докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хеле боло рафт. Инчунин, Сарвари давлатамон рушди соҳаи маорифро кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат ҳисобида, соли 2010-ро Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намуданд. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шудани соли 2010 боиси рушди соҳаи маориф, илм ва техника, пешрафти кори таълиму тарбия ва баланд шудани донишу малакаи хонандагон гардид.
Эълони солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиши рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф”, таъсиси Ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, ба номи Исмоили Сомонӣ, ба номи академик Султон Умаров, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд.дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “”Илм фуруғи маърифат”, дар сатҳи вилоят бошад, озмуни “Ихтироъкор” ба хотири ҷалби бештари ҷавонон ба илмҳои бунёдӣ маҳсуб мешавад.
Як нуктаи муҳим он аст, ки ҳамасола дар кишвар наздики 150 нафар дар мавзӯҳои гуногун рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд, ки 95 дар сади онҳоро равияҳои гуманитарӣ ташкил медиҳанд. Синну соли олимони соҳаи риёзӣ, физика ва химия, равияҳои техникӣ аз ҳадди 60 боло мебошад. Тавре Сарвари давлат зимни суханронӣ иброз доштанд имрӯз зарурате пеш омадааст, ки мо мактаби устоду шогирди ин илмҳои воқеан ҳам ба хоҷагии халқ даркориро аз нав эҳё кунем. Зеро тавре қайд гардид, имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман конеъкунанда нест.
Сарвари давлат дар ҷодаи вобаста ба пешрафти соҳаи тандурустӣ зикр доштанд, ки бо вуҷуди ҳар сол шумораи зиёди довталабон ба кластери 5 – ум, яъне равияи тиббӣ дохил шаванд ҳам кишвар ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ ниёз дорад.
Воқеан ҳам ишораи Сарвари давлат бобати интихоби касбҳои соҳаи тандурустӣ дуруси ва саривақтӣ аст. Ҳоло дар аксари беморхонаҳо ва Марказҳои саломатӣ табибони сироятшинос, вирусология, иммунология ва психология намерасад. Ҷавонон бештар ба соҳаҳои хиррургия, урология, дандонпизишкӣ, гинекология майл доранд, ки сабабашро ҳамаи мо хуб медонем. Ҳамзамон Президент зикр намуданд, ки имкониятҳои васеи кишвари мо дар самти рушди саноати дорусозӣ, сайёҳии табобатӣ, бахусус, пандемияи КОВИД – 19 моро бори дигар водор месозад, ки аз ҳарвақта дида, ба масъалаҳои инсон ва саломатии ӯ аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир намоем.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ” аз куҳансолтарнин марказҳои омодакунии кадрҳои миёнаи тиббӣ дар шимоли малакат маҳсуб ёфта, давоми фаъолияти 90 солаи худ дар таъмини кадрҳои соҳибтахассуси соҳа нақши мондагор гузошта меояд. Солҳои охир бо таваҷҷуҳи Роҳбари давлат пояи моддиву техникии муассиса пурқувват гардида, мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави иловагӣ, ки дар расми ифтитоҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
Дар анҷоми мулоқоти худ Алимат Мавлонзода аз ҳозир даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам хубтар гардидани сатҳи таълим таъсис додани мактаби устоду шогирд, ки аз дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар манфиати кор буда, ин равияи минбаъд дар назди муассиса ташкил карда мешавад. Барои ин тамоми заминаҳои мусоид дар Коллеҷ фароҳам аст.
Ҳамчунин таъсиси маркази захиравии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва маркази омодакунии ҷавонони навовару соҳибистеъдод бо ҷалби устодони фаъоли муассиса айни муддаост.
Гузашта аз ин бояд густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ ва миёнаи касбии хориҷи кишвар ба роҳ монд. Ва минбаъд барои омӯзгоре, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад ва донишҷӯе, ки дар даврии ҷумҳуриявии олимпиада ғолиб меояд, бо ҷоизапулии махсус қадршиносӣ хоҳад шуд.
Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти судманд анҷом пазируфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...