04 Июн 2024
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи якшанбеи 2 июн дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати вусъатбахшии корҳо супоришҳо дод.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, дар доираи бунёдкориҳо соҳили дарёи Сир, аз назди пули "Ҷашнӣ" ва Маркази ҷарроҳии дилу рагҳо ободу зебо карда мешавад. Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни замон корҳои ободонӣ тибқи лоиҳа оғоз ёфта, мутахассисон сафарбар карда шуданд.
Раиси вилоят инчунин сохтмони бинои таълимӣ барои курсантони факултаи чоруми Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иншоот аз шаш ошёна иборат аст ва дорои 17 синфхона, ошхонаву хобгоҳ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, барои таълиму тарбияи курсантон шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.
Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд бунёд гардида, дар маҷмаа дар як вақт то 1000 варзишгар ба машқу тамрин машғул шуда метавонанд.
Маҷмааи варзишии “Суғд Арена” дорои толорҳои варзишии бокс, гўштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, тенис, тэквандо буда, бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Раиси вилоят инчунин дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд рафти сохтмони бинои истиқоматии иҷтимоиро аз назар гузаронида, барои бо истифода аз масолеҳи хушсифат сохтани бино, ободониву кабудизоркунии муҳити зист супоришҳо дод. Тибқи лоиҳа бинои хизматӣ аз 9 ошёна иборат буда, дорои 45 хонаҳои 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ аст ва он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қомат хоҳад афрохт.