31 Май 2024
Дар Беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи С.Урунов, бо дастгирии Давлату Ҳукумат тамоми шароиту имконот барои ташхису табобати саривақтӣ ва босифати беморон мавҷуд буда, табибони беморхона кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки марҳила ба марҳила усулҳои муосиру замонавии амалиётҳои ҷарроҳиро ба роҳ монанд.
Ҷоиз ба қайд аст, ки бори нахуст дар вилояти Суғд, табибони Шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд, амалиёти ҷарроҳии "Бартарафсозии чурраи пешдевори шикамро бо гузоштани тӯри синтетикӣ" тариқи эндоҷарроҳӣ (бе буриш) анҷом доданд.
Таъкид ба маврид аст, ки амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият ба анҷом расида, бемор дар марҳилаи рухсатшавӣ қарор дорад.
Амалиёти ҷарроҳии эндоскопӣ дар ҷаҳони тиб як инқилоби воқеӣ гардида, беморонро бо усулҳои бехатар ва муосири табобат таъмин мекунанд.
Эндоскопия барои тиб дурнамои нав мекушояд. Пешрафтҳои охирин дар ин соҳа имкон медиҳанд, ки амалиётҳо бо дақиқӣ ва дахолати минималӣ анҷом дода шаванд. Ин соҳаи инноватсионии тиб имкониятҳои беназирро барои ташхис ва табобат фароҳам меорад, ки ба кам кардани вақти барқароршавии пасазҷарроҳӣ мусоидат мекунад.
Бартарафсозии чурраҳои шикам тариқи лапароскопия торафт маъмул мегардад. Амалиёти мазкур буридани дарози пӯстро талаб намекунад ва бо истифодаи якчанд сӯрохҳо дар пешдевори шикам гузаронида мешавад ва хатари пайдоиши мушкилоти фасодию илтиҳобиро коҳиш медиҳад, ки метавонад дар шахсони дорои иммунитети паст (масалан, диабети қанд, фарбеҳӣ) аҳамияти калон дошта бошад ва хатари пайдоиши дубораи чурраро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
Афзалиятҳои ҷарроҳии эндоскопӣ:
-Барқарорсозии тезтар
-Дақиқӣ ва самаранокӣ
- Мӯҳлати кӯтоҳи бистаришавӣ
Бояд қайд намуд. ки соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои калидӣ маҳсуб ёфта, дар даврони Истиқлолият ба таври бесобиқа рушд намуд. Бо ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба соҳаи тандурустӣ сол аз сол афзоиш меёбад ва имрӯзҳо дар тамоми манотиқи мамлакат муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба аҳолии кишвар хизмат мерасонанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд