31 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори хурди Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд озмунро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва қабули қарорҳо, амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон- то соли 2030 ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар заминаи амалишавии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2022-2030 Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон»-ро дар байни занону духтарони соҳаи хизмати давлатӣ баргузор намуда истодааст. Дар даври шаҳрии озмуни мазкур 14 нафар занон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ ширкат варзида истодаанд ва умедворем, ки то даври ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок варзида мақомҳои ифтихориро ба даст хоҳанд овард.
Таъкид шуд, ки бо назардошти муваффақият ва дастовардҳои занону духтарон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд, ҳар яки моро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи мамлакат бо иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатӣ, тарбияи фарзандони худогоҳу худшинос, ватанпарасту дорои ҳувияти баланди миллӣ саҳми боз ҳам назаррас гузорем.
Сипас 14 нафар довтталабони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» аз рӯйи шартҳои : маърифати ҳуқуқӣ, донистани таъриху фарҳанг, касбият ва кордонӣ, дониши технологияи иттилоотӣ, сатҳи забондонӣ дониш ва малакаи худро санҷиданд. Ҳамзамон комиссияи босалоҳият аз довталабони озмун диктант бо забони русӣ ва иншо бо забони давлатӣ гирифтанд. Довталабон лоиҳаҳои худро низ ба ҳайати комиссияи озмун муаррифӣ карданд.
Рӯзҳои наздик сатҳи дониш ва кордонии довталабони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» таҳлилу баррасӣ гардида, 3 нафар барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд