29 Май 2024
Субҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи байналмилаии ҳифзи кӯдакон ба манзили якчанд нафар кӯдаконе, ки бо амри тақдим маъюб шудаанд, рафта онҳоро аёдат намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо Муҳиба Самадова, Расулҷон Орипов, Оишахон Усмонова ва таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёту фаъолияти маъюбону ятимон диққати махсус зоҳир карда, мунтазам чунин нафаронро дастгирӣ менамоянд. Пешвои миллат барои дастгирии ятимон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят доимо хабар мегиранд.
Роҳбари вилоят ба кӯдакон ҷиҳати бо истифода аз имконоти фароҳамгардидаи Давлату Ҳукумат бо хониши хубуб аъло таҳсил намудан ҳидоятҳо намуда, таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дар пайравӣ ба иқдомҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат мунтазам барои дастгирии кӯдакони бемору маъюб ва ниёзманд тадбирҳои заруриро амалӣ месозад ва минбаъд низ хурдсолонро ба аёдату ғамхориҳо фаро мегирад.
Ба аёдатшудагон маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Аёдатшудагон ва волидони онҳо ба роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаашон миннатдории худро изҳор намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд