(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Абдураҳим Холиқзода, Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муслиҳиддин Хоҷамирзода, корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳбоз Шосаидзода, сардори шӯъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мутеъоллоҳ Наҷотзода, корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳр мулоқот баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи онро иҷрои дастуру нишондодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар арзёбӣ намуд.
Сипас, Абдураҳим Холиқзода, Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муслиҳиддин Хоҷамирзода, корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҷумла афзуданд, ки замони ноором ва ҷаҳони пурталотум дар раванди ҷаҳонишавии манфиатҳо ва тезутундшавии муборизаҳои геосиёсӣ дар ҳавзаҳои мухталиф, дар баробари дигар арзишҳои инсонӣ- демократия, ҳуқуқу озодиҳо, соҳибихтиёрии халқӣ ва миллӣ динро низ суиистифода менамояд. Дар чунин фишороварии маҷмуӣ вазъи давлатҳои миллӣ аз ҷанбаҳои мухталиф осебпазир мегардад. Дар ин таҳдиди марказонидашудаи харобиовар унсурҳои эътиқодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ то ҷое ба ҳам иртибот пайдо менамоянд. Рисолати истодагарӣ ба ин ҳуҷуми мафкуравии мураккаб танҳо кори мақомоти давлатӣ набуда, он ба вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд, ҳар низоми мафкуравӣ, ҳар ниҳоди илмӣ ва хосатан зиёиён ва донишмандони миллат табдил меёбад.
Дар ин мубориза ҳар ниҳоду ҳар мақомот дар доираи рисолати оинномавиаш фаъолият менамояд, вале рисолати зиёиён ва донишмандони динӣ ба маротиб ҷиддитар мегардад. Онҳо дар ин раванди махлутсозии дин ба арзишҳои дигар дар ҳолати вазнини муборизаи мафкуравӣ қарор мегиранд. Нафароне, ки дониши казоӣ надоранд, ба илм ва таълимоти гирифтаашон бовар надоранд, худашон зуд ба ҳиллагарони динӣ табдил меёбанд ва ё дар дигар ҳолат хомӯширо ихтиёр мекунанд.
Ин ҳолат вазъи истодагарии мафкуравии миллатро осебпазир мегардонад. Дар шароити ноороми фикрӣ маҳз донишмандони давру замон ба сохтору ниҳодҳои қудратию мафкуравӣ бояд ғизои маънавӣ ва эътиқодии солим дода тавонанд. Ин рисолати азимро Роҳбари хирадманди миллат бо дарки вазъияти ноороми ҷаҳон назди халқи мо назаран ва амалан гузошта, роҳҳои расидан ба онро низ ба мо маротибаҳои зиёд таъкид намудаанд.
Таъкид шуд, ки замони нав афзалияти намои давлатҳои демократию миллӣ ва ҷудоии дин аз ҳокимияти давлатиро ба манфиати инсон ва эътиқоди вай собит намуд. Давлат динро таҳти ҳимояи худ қарор дода, онро ҳамчун навъи ҷаҳонбинӣ, шакли зуҳури ҳуқуқ ба озодии виҷдон кафолат дод. Дигар ба тобиши сиёсӣ додани дин ҳеҷ зарурат нест.
Ҳар нафаре, ки таърихи дин, қонунияти рушди таърихии падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро нағз медонад, таъсири замону макон ба ташаккул ва рушди ҳодисоти иҷтимоӣ ва диалектикаи табдилу такмили ҳодисоти иҷтимоиро ҳамчун қонуният фаҳм намудааст, барои ӯ равшан аст, ки сиёсисозони муосири ислом ҷонибдорони эътиқоди асл нестанд, онҳо манфиати давлату миллатро не, балки манфиатхоҳони ғаразнокеянд, ки исломро восита, эътиқодро суиистифода менамоянд. Замони нав боз сифатҳои дигари онҳоро ҳамчун хизматгорони хоҷагони чоплусу душманони дину давлат, ки мардуми содаро чун сипоҳиёни бепул истифода мебаранд, кашф намудааст.
Раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ баромад намуда, доир ба мавзуъи матраҳшуда андешаҳои хешро баён дошт.
Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодот анҷом пазируфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...