20 Май 2024
Дар маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ ҷаласаи Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои Шӯро ва ҷавонони фаъоли шаҳр баргузор гардид.
Раиси Шўрои кор бо ҷавонони шаҳр, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кори Шӯроро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода мешавад: Рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонон баён гардида ва тасдиқи Нақшаи корӣ Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд барои нимсолаи дуюми соли 2024.
Аз рӯйи масъалаи аввал мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки маҳз сиёсати ҷавонпарваронаи Сарвари давлатамон буд, ки дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд.Баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон, Барномаи шаҳрии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони, Барномаи маҳаллии маҷмўии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Барномаи маҳаллии рушди футбол ба тасвиб расида, дар маҷмўъ барои амалӣ гардонидани барномаҳои мазкур дар соли 2023, ва 4 моҳи соли 2024 беш аз 1,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Татбиқи ин санадҳои муҳими давлатӣ ҷалби ҷавононро ба корҳои созандагӣ вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ таъмин менамояд. Имрўз ҷавонони мо таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил менамоянд, барои омўзиши илму дониши муосир кўшиш мекунанд, ба забономўзӣ машғуланд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзида, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош доранд.
Дар муҳокимаи масъалаи мазкур мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Достон Диловарзода баромад намуда, фикру андешаҳои хешро доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин аз 9 марти соли 2024 баён дошт.
Сипас, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, аъзои Шурои олимони ҷавони шаҳр Назира Ғаниева, гирандаи Стипендияи Президентӣ Умед Раҷабов, варзишгари муваффақ Наргис Дӯсматова ва дигарон баромад намуда, доир ба дастовардҳои Истиқлолият ва ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷавонон аз ҷавонони фаъоли шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пурзўр намудани корҳои таблиғотӣ дар байни ҷавонони касбу кори гуногун аз тамоми имконот истифода баранд, дар озмуну мусобиқаҳои варзишиву чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок кунанд. Бо донишу фазилати хеш номбардори ин миллату Давлат гарданд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони бедордили миллатаз уҳдаи иҷрои ин вазифаҳо мебароянд ва минбаъд низ кўшиш мекунанд, ки ба нафъи давлату ҷомеа содиқона хизмат намоянд.
Аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба як қатор ҷавонони фаъоли шаҳр Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд