(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар толори пазироии Кохи “Суғдиён”ба 150 нафар хонандагон, донишҷӯён ва варзишгарони фаъолу пешсафи шаҳр Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷандро тақдим намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд зимни суханронии худ таъкид дошт, ки Истиқлолият рукни муҳим ва меҳвари давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо ба ҳисоб рафта, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандўст иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рў, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри азхуд намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат таъкид меёбад.
Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».
Ин боварӣ ва эътимоди Сарвари давлатамон аз ҳар як нафар ҷавон дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо намуда, ҳар яки моро дар масъалаи истифодаи самараноки нерўи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандўзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан вазифадор менамояд.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки ҳамасола барои хонандагон ва донишҷўёни фаъолу аълохони муассисаҳои таълимии шаҳр ҷудо гардидани стипендияҳои Раиси шаҳр аз дастгирии доимии Давлату Ҳукумат арзёбӣ мешавад. Маврид ба зикр аст, ки шумораи идрорпулии Раиси шаҳр ҳамасола зиёд карда шуда, соли равон он ба 150 адад расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 50 адад зиёд мебошад.
Ҳамзамон боиси фараҳмандист, ки дар соли таҳсили 2023-2024 – 72 нафар хонандагони муссисаҳои таълимии шаҳр ба дарёфти стипендияи Президентӣ ва 100 нафар донишҷўёну магис-трантони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳр ба идрорпулии Раиси вилоят мушарраф гардида, даҳҳо нафар аз донишандўзон бо ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Алҳол дар шаҳр садҳо нафар ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд.
Илова бар ин, имрўз ҷавонони мо дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи умумиҷаҳонӣ низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд. Дар ин давра 2472 нафар ҷавонони шаҳр дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи маҳаллӣ, байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 792 нафар барои гирифтани медали тилло, 741 нафар барои гирифтани медали нуқра ва 940 нафар барои гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Дастовардҳои варзишгарон гувоҳи он аст, ки ҷавонон ҳамеша дар боло рафтани эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Шоистаи ифтихор аст, ки имрўз зиёда аз 460-нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Федератсияи Россия, Хитой, Малайзия, Олмон, Англия, Қазоқистон ва ғайра таҳсили илм доранд.
Ҳамзамон тибқи маълумоти маркази миллии тестӣ, аз шумораи умумии 2120 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд, бештар аз 500-нафарашон дар мактабҳои олии пойтахти кишварамон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар анҷоми суханронии худ Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода изҳори умедворӣ намуд, ки роҳбарияти шаҳр оянда аз ин кадрҳои соҳибихтисос умедҳои зиёд дошта, боварии комил дорад, ки ҷавонон баъди соҳибмаълумоту соҳибихтисос гардидан, ба пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 150 нафар хонандагон, донишҷӯён ва варзишгарону фаъолу пешрав Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...