16 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, бахусус бозии намуди баскетбол, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол байни ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз санаи 12 то 15 май ташкил ва баргузор гардид.
Мусобиқа тибқи нақшаи якҷояи федератсияи баскетбол, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш доир гардида, дар он зиёда аз 50 нафар баскетболбозони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус дар ҳайати 5 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа сазовори ҷойи 1 дастаи ДДҲБСТ, ҷойи дуюм дастаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва тими ДПДТТ мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Дар Маросими ҷамъбастии мусобиқа таъкид шуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунинии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Туфайли дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, шараф ва нуфузи кишвари соҳибистиқлоли моро баланд мебардоранд.
Машғул шудан бо варзиш, бахусус бозии навъи баскетбол ба ҷавонон имконият медиҳад, ки доимо солиму бардам ва руҳану ҷисман қавӣ бошанд, ба сӯйи музаффариятҳои навин қадамҳои устувор гузоранд.
Ба ғолибон ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.