(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶойгоҳе, ки оромиши инсон таъмин аст, оила мебошад. Ҳамон оилае, ки камол меёбад, ҳамон оилае, ки аввалин табассум, аввалин ҳарфу аввалин қадамаш азиз аст, ҳамон оилае, ки нахустин баҳои панҷ дар рўзнома, нахустин ифтихорнома аз маъмурияти мактаб, нахустин сипоснома барои иштироки фаъолона арзише доранд.

Ҳамон оилае, ки ҳар субҳ овози модари ғамхор аз хоби ноз бедор месозад, дуои неки падари меҳрубон тамоми рўз нигоҳбон мешавад, ҳамон оилае, к ибо хоҳарону додарон бозии рустшавакону хархашаи нозарур барои чизи нодаркор кайфияте дорад… Бале, оилаи падарӣ беҳтарин макон барои рушди шахсият аст, ки азизу қимат мебошад ва сипас… Ҳамон оилае, ки худ созмон медиҳад. Ин ҳамон ҷоест, ки мақомаш баробари оилаи падарист, аммо дар ин худи шахс падар аст, модар аст. Ин хамон маконест, ки ҷуфти муносибаш ўро интизорӣ дорад, нахустин фарзанд, сипас, дуюму сеюму чаҳорумашро рўи даст мегирад, ўро ба мактаб мебараду барои дохил шудан ба донишгоҳ дуои падаронаву модарона медиҳад. Оила ҳамон маконест, ки қадру қимат, меҳрубониву ғамхорӣ, иззату эҳтиром ва дўстдориву эъзозро меомўзиву меомўзонӣ, эҳсос мекуниву азиз медонӣ.
Мақоми оиларо дар ҳамаи кишварҳо боло медонанд, зеро нахустин ҷамъият дар давлат ин оила аст. Ҳамин гуна мақоми шоистаро оила дар Тоҷикистони сохибистиқлол низ ба даст овардааст, ки барои нигоҳдориву пойдории он дар ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххасу муассир андешида мешаванд, то оилаҳо мустаҳкаму пойдор бошанд, кўдакон дар муҳити созгор ба камол расанд, сатҳи таълиму тарбия ба дараҷаи баланд бошад.
Баргузории озмуни «Оилаи беҳтарин» яке аз ҳамин гуна тадбирҳоест, ки дар сатҳи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки дар ин гуна озмун оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд иштирок карда, мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Оилаи Исломовҳо аз маҳаллаи Раззоқ дар озмуни вилоятӣ ҷойи аввалро соҳиб шуда, намунаи олии оиладориро дар шаҳр ба ҳамагон нишон доданд. Зану шавҳари меҳрубону вафодор ворисони арзандаи Синои бузург буда, ҳар ду барои сиҳатии омма фаъолият мебаранд.
Падари иззатманди ин даргоҳ Соҳибҷон Насруллоевич Исломовро ҳамагон хамчун табиби ҳозиқ, марди комил ва шахси ниҳоят меҳрубону самимӣ мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ин марди шариф пас аз хатми бомуваффақияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино соли 1985 ҷихати гузаштан аз интернатура ба Беморхонаи шаҳрии № 1-уми шаҳри Хуҷанд фиристода шуд ва муддати як сол дар шуъбаи эҳё ҳамчун табиб-интерн фаъолият бурд.
Баъди ба анҷом расидани мўҳлати интернатура Соҳибҷон Исломовро ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба кор таъйин намуданд, ки наздик даҳ сол дар ин макон заҳмат кашида, барои барқарор намудани саломатии беморон саҳми арзанда гузошт.
Малакаи баланди касбӣ, дониши амиқ, таҷрибаи кории ҳосилшуда ба Соҳибҷон Исломов имконият доданд, ки зина ба зина боло рафта, дар иҷрои вазифаҳои касбӣ масъулияти дучанд нишон диҳад. Ҳамин масъулиятшиносӣ, заковатмандиву донишварии ў буд, ки соли 1996 ба дўшаш вазифаи муовинии сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд, ки 7 сол ин вазифаро сарбаландона ба ҷо овард. Тайи солҳои 2003-2016 Сохибҷон Исломов дар вазифаи сартабиби Маркази солимгардонии иштирокчиёни ҶБВ фаъолият карда, шурўъ аз соли 2016 то ин ҷониб дар Беморхонаи клиникавии вилоятии Суғд ҳамчун табиб-рентгенолог кор мекунад. Давоми 42 соли корӣ борҳо бо Ифтихорномаву Сипоснома, нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон сарфароз гардида, табиби дараҷаи олист. Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд буд.
Вақте хома дар даст андешаи навиштани мақолае мешавам, беихтиёр сўҳбатҳои анҷомдода, чеҳраи нуронии мусоҳиб ва ҳарфҳои аз ў шунидаам пеши назар меоянд, зеро ҳамин се омил аст, ки маводи навиштание рўи коғаз меояд ва диққати хонандаро ба худ мекашад. Дар бораи шахсиятҳои маъруфу донишманд навиштан кори саҳл нест, маҳорати бештари нависандагӣ талаб месозад. Махсусан дар васфи табиби ҳозиқ, мутахассиси варзидаи соҳаи тандурустӣ, пизишки номӣ навиштан ва ҳамаи маҳорати ўро рўи саҳифа рехтан аз кас маҳорат мехоҳад. Модари ғамхори оилаи Исломовҳо Дилором Абдуллоевна аз ҳамин гуна қаҳрамонҳои маводи рўзноманигорист, ки шахсияташ камназир, истеъдоди табибияш баланд ва рафтору гуфтору кирдораш хеле оливу нек аст. Вақте бо ў ҳамсўҳбат шудам, беихтиёр некгуфтаи Суқрот ба ёдам расид, ки фармуда: «Тамоми касбҳо тавассути донишҳо аз бар карда мешаванд, аммо танҳо се касб: омўзгориву қозиёт ва пизишкӣ касби худодод аст». Ин зани фариштахў ҳам табибест, ки бо як сухан ҳамон мутахассиси худододаи Суқротро мемонад.
Табиб шудан орзуи бачагиаш буд. Мехост ҳарчӣ тезтар бузург гашта, табиби ҳозиқ шавад, ба дарди мардум даво ёбаду малҳам бахшад. Чун ният холис буду ирода қавӣ Дилором Исломова баробари гирифтани номаи камол роҳ сўи пойтахти кишвар гирифт. Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино супурду аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт ва донишҷўи ин донишгоҳи бонуфуз гардид. Танҳо ин замон ба Дилороми донишҷў аён гардид, ки таҳсил дар донишгоҳ нисбат ба мактаби миёна мушкилиҳои ҷиддӣ доштааст. Дар ин ҷо саҳлангорӣ, бепарвоӣ ва ҳатто як ғоиб дар дарсу машғулият баробар ба ҷоҳилӣ аст. Ў дарк мекард, ки касби интихобкардаи ў оддӣ нест, зеро нигаҳбон ва муҳофизи саломативу офияти мардум будан баробар аст ба бемор умри дубора бахшидан. Бинобар ин, пайваста мехонду аз адабиёти иловагӣ истифода мебурд ва ба омўзиши фанҳои зарурӣ ҷиддӣ машғул мешуд. Баъди гирифтани дипломи мактаби олӣ фаъолияташро аз Беморхонаи клиникавии вилоятии Суғд дар шўъбаи гўшу гулўву биннӣ оғоз намуда, солҳои дароз дар Маркази саломатии шаҳрии №2 меҳнат кард. Ҳоло дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дар вазифаи мудири кафедра кор мекунад. Соҳиби Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, маъмурияти беморхонаву шаҳру вилоят буда, дорандаи дараҷаи олии табибист.
Оилаи онҳоро се фарзанди дилбанду 10 набераи ширин пурра сохтаанд. Фарзандонашон соҳибиб маълумоти оливу ҷойи кори мувофиқ буда, ҳар яке амсоли падару модари азизашон дар оиладорӣ муваффақу комёб ва хушбахтанд. Имрўз Улуғбек ҳуҳуқшиноси номӣ буда, падари 4 фарзанди дилбанд, Толибҷон бо соҳибкорӣ машғул буда, оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст. Дилафрўз низ амсоли модараш дар Коллеҷи тиббӣ дарс мегўяд вам одари хушбахти 3 тифли дўстрў аст.
-Намунаи одитарини ҳаёти якҷояи инсонҳо, албатта, оила мебошад. Оила дар ҳаёти инсонӣ нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзиштарин мақомро дорост. Инсон дар оила ташаккул меёбад, хислат пайдо мекунад, маърифат меандўзад ва ба одоби муошират молик мешавад. Ҳар қадар оила маърифатбунёд, шарафманд ва масъулиятшинос бошад, ҳамон қадар аъзои он фаъолу накўтар хоҳанд буд, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад кард, ҳамон қадар давлату миллат пуртавону сохибқудрат хоҳад шуд. Оиларо бояд поку муқаддас нигоҳ дорем ва аз ҳама гуна кинаву қудуррат ва ғаразу нифоқ муҳофизат намоем, - зикр сохтанд Сохибҷон ва Дилором Исломовҳо, ки дар оиладорӣ собиқаи беш аз 40-сола доранд.
Илоҳо ҳамаи оилаҳои тоҷик хушбахту комёб бошанд, кўдакон дар оилаҳои солим ба камол расанд, иззату икром волидайн аз ҷониби фарзанд ба ҷо оварда шавад, то оила ҳамон мақоми оромишгоҳашро аз даст надихад.

Мавзуна ВАҲҲОБОВА,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...