(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБале, ҷамъиятро оилаҳои тифоқу муттаҳид зебу зиннат медиҳанд. Маҳз амалҳои шоистаи онон боиси пайравӣ буда, метавонад ба ҷавонон дарси ибрат бошад.

Ҳамин гуна оилаи якдилу якмаром оилаи Охуновҳо аз кумитаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов мебошад, ки тайи 35 соли ҳамзистӣ намуна ба дигарон гардад. Сарвари оила марди бофарҳангу хушодоб, духтур-байтор, собиқадори меҳнат Расулҷон Охунов бо ҳамсари бовафою меҳрубон Санавбархон Охуноваи омӯзгори пешқадам тавонист як муҳити созгорро созмон диҳад. Аз рӯзи аввали ҳамзистӣ ин ду ҷавон ба ҳамдигар ваъда дода буданд, ки чи дар хушбахтӣ ва чи дар щамгинӣ паҳлӯи ҳам қарор гирифта, ҳамроҳ зиндагиро давом медиҳанд. Ҳамин тавр шуд. Махсусан, Санавбархон аз рӯзҳои аввалини арӯсиаш дар хонадони Охуновҳо худро ҳамчун духтараки хушзабону меҳантӣ, озодаву пазанда нишон дод. Аз ҳама муҳим, ҳеҷ гоҳ овозаш баланд набуд, ҳамеша «хуб шудаст» гӯён дар иҷрои кор мешуд. Ҳамин хислатҳои шоистаи Санавбархон ба дили хусуру хушдоман ва шавҳари азизаш ҷо шуданд ва онон ӯро дӯст доштанд.
Сарвари оила Расулҷон Охунов баъди хатми Институти хоҷагии қишлоқ, бахши духтур-ветеринарӣ зиёда аз 30 сол дар Фабрикаи парандапарварии ноҳияи Ҷаббор Расулов заҳмат кашид. Ӯ тайи ин солҳо барои ин коргоҳ, саломатии парандаҳо, зиёд кардани зоти ин парандаҳо, ободонии коргоҳ хизматҳои зиёд карда, барои фаъолияти бенуқсонаш борҳои бо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Ҳоло ҳам Расулҷон Охунов дар хизмати мардум қарор дошта, барои саломатии ҷонварон, молу ҳайвонот талош меварзад.
Санавбархон Охунова ҳамчун инсони хушрафтору некпиндор дар ҷамъият мақому манзалат дорад. Сисола собиқаи корӣ дар арсаи маориф дораду касби худро дӯст медорад. Барои донишандӯзии ҳар шогирдаш талош меварзад, шабҳо бедохобӣ мекашад, то ба онҳо чизеро дода тавонаду толибилмонаш дар ба чизе муваффақ гардад.
Ӯ аз авдоди бофарҳанг ба дунё омада, аз падару модари худ тарбия хуб гирифтааст. Баъди хатми Мактаби миёнаи №3-юми шаҳри Хуҷанд ба бахши томактабии Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, онро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонд. Дар бощчаву кӯдакистонҳо ҳамчун мураббия фаъолия бурда, соҳиби обрӯву нуфуз гардид. Донишу маҳорат, ҷустуҷӯ, корбарии дақиқи Санавбархон ба ҳамагон мақбул буд. Бо тавсияи ёру дӯстон, ҳамкорон ва пайвандон азм намуд, ки муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои миёна гардад. Ҳуҷҷатҳояшро тахт кард ва ба риштаи синфҳои ибтидоии мактаби олӣ супурд. Малакаи касбӣ, ки аллакай дошт, донишгоҳро бомуваффақият ба итмом расонд ва ба таълими шогирдон шурӯъ кард. Чун соҳиби дипломи омӯзгори синфҳои ибтидоӣ гашт, пешниҳодҳо аз мактабҳои пешқадам бисёр буданд, вале Санавбар Охуноваи раҳмдилу бошафқат кор бо кӯдакони маъюбу имконияташон маҳдудро интихоб кард. Зеро ҳамеша ба онҳо раҳм дораду мехоҳад, ки онон дар ҷодаи зиндагӣ азоб накашанд, дониш гиранду аз пайи ягон коре шаванд. Бо ҳамин ниятҳои нек роҳ сӯи Мактаби интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди ба номи Сироҷиддин Тоҷибоевро гирифт. Алҳол дар мактаб ба кӯдакони ноқисулақл, маъюбу имконияташон маҳдуд ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Ӯ ба ин кӯдакони мӯҳтоҷ қабл аз ҳама ҳамчун модар, тарбиятгар, ҳамшираи шафқат, мураббӣ, хизматрасон, парастор, ошпаз ва даҳҳо дигар ёрдачӣ аст. Тавре ба ҳамагон маълум, шогирдони ин муассиса ба парастории омӯзгор мӯҳтоҷ буда, доимо дар бари омӯзгор қарор дорад. Муаллима Санавбар Охунова аз иҷрои чунин вазифаҳо мебарояд ва ӯро кулли шогирдонаш дӯст медоранд, зеро дар симояш, дар амалаш меҳрубониву щамхориро мебинанд.
Бале, ин оила намуна дар ҳама ҷиҳат ҳастанд. Баробари хизмат ба халқу меҳан, 3 фарзанд: Раҳимҷону Абдурауф ва Сабоатхонро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намуданд. Фарзандон дар ҷомеа мақому ҷойгоҳи худро ёфтаанд. Раҳимҷон сармуҳосиб дар бонку Абдурауф ҳунарманди чирадаст, Сабоатхон муаллима асту бо оилаҳои худ зиндагии тифоқро пеш мебаранд.
Оилаи намунавии Охуновҳо, воқеан сазовор ба таҳсину тавсиф ҳастанд. Дар ин хонадон ҳамеша хандаву хурсандӣ танинандоз аст. 8 набераи дилбанд ба хушбахтии ин ду сарвари оила хушрӯзии иловагиро зам мекунад.
Бошад, ки чунин оилаҳои намунавӣ афзоянду фарзандону наберагони меҳанпарасту заҳматпеша диёри азизамонро рушду ривоҷ диҳанд.


Таҳмина АЮБОВА,
«Тирози ҷаҳон»

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...