08 Май 2024
Ғалаба дар ҶБВ – намунаи олии ватандорӣ!
Собиқадорони арсаи меҳнат ва ақибгоҳ!
Дар таърихи тўлонии ҳаёти башарият рўйдодҳое ба вуқўъ пайвастаанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рўзи Ғалабаи халқи бузурги шўравӣ бар фашизми Олмон, ки имрўз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва тараққихоҳи ҷаҳон бори ҳафтоду нўҳум таҷлил мегардад, аз ҷумлаи ҳамин гуна рўйдодҳои фаромўшнопазир аст.
Ин санаи таърихӣ дар қатори собиқадорони ҷанг ва одамони калонсол барои насли имрўз ҳам гиромиву муқаддас аст, чунки он рамзи ватандўстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мост. Чунончӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфтаанд, ки “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, мардуми кишвар ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набард нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд ва ҳар сол ин санаи таърихиро ҳамчун Рўзи ғалаба бар фашизм таҷлил менамоянд”.
Дар ин рўз ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди ҳамлаи фашистӣ бархоста буданд, халқи Тоҷикис-тон низ саҳми ба худ муносиб гузоштааст. Дар он даври мудҳиш дар Ватани мо кам хонадонеро дучор омадан мумкин буд, ки доғи он ҷанги хонумонсўзро надида бошад. Нўҳуми май моҳиятан рўзи шодиву нишот аст, вале ҳамчунон санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд. Мо имрўз дар назди хотираи тамоми қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд ме-орем ва ёдашонро гиромӣ медорем.
Ҳоло дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кору пайкор дорем ва ҳамагон вазифадор ҳастем, ки ҳаёту рўзгори қаҳрамонону диловарони миллатамонро омўзем ва ба дигарон омўзонем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои некӣ инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда мусоидат менамояд.
Мулоқоту сўҳбатҳо бо собиқадорони меҳнату ақибгоҳ, ки таърихи зиндаи он замони мудҳишанд, ташкили тамошои мав-зеъҳои таърихӣ, ки марбут ба солҳои ҶБВ мебошанд, ҳама якҷо эҳсоси баланди ватандўстии насли наврасро бедор месозад ва дар вуҷуди онон матонату диловариро тарбия мекунад.
Ҳар сол чун анъана Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр дар бобати расонидани кўмаки моддӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, бо ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамаи чораҳоро андешида истодаанд. Зеро ин масъала яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.
Бори дигар тамоми мардуми Хуҷандшаҳри азизамонро ба муносибати Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик мегўям.
Бигзор, сулҳу амонӣ ва осоишу оромӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳукмфармо бошад.
Рўзи Ғалабаи оламшумул муборак, ҳамдиёрон!