08 Май 2024
Хушбахтона, кишвари азизи мо бисёр фарзандони фидоӣ, нексиришт, қавиирода ва аз ҳама муҳим ҳақиқиро дорад. Ҳастӣ, хислатҳои накў, хизматҳои шоёни онон ба атрофиён илҳом мебахшаду хурсандӣ зам мекунад.
Занон баробари ҳамсари бовафою модари меҳрубон будан, ҳамчунин ба давлату халқ хизматҳои шоён мекунанд. Бо фикру ақидаҳои тоза, дақиқ ва санҷида ба коре, ки даст мезананд, албатта натиҷаи хуб медиҳад.
Бале, кишвари моро бисёр занҳои шуҷоъ, ҷасур ва меҳнатдўст намояндагӣ мекунанд. Номи онҳоро таърих ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунад ва аз ҳастияшон ҳамеша ифтихор хоҳад намуд.
Заҳматкаши ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, зани фариштахўю некном Самия Азизова мебошад, ки дар ҷавонии худ ҳамчун қаҳрамон заҳмат кашид, барои ободонии кишвар, тарбияи фарзандони халқ ҳисса гузошт.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки барои халқи тоҷик низ гарон омад, тоҷикдухтарон дар канор намонданд. Аз ҷумлаи чунин духтарони шуҷоъ ва далер Самия Азизова аст, ки дар ақибгоҳ хизматҳои шоистаро ба анҷом расонд.
Ў ба насли наврас аз хату савод дарс гуфт. Ҳамчун муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик ба шогирдон илм омўзонд. Дар мактаби ба номи Луначарский, Сталин ва Жданов аз соли 1942 оғоз намуда, ҷавононро дар рўҳияи ҳифзи марзу бум, ватандўстию меҳанпарастӣ тарбия кард ва то ба нафақа баромадан фаъолияти пурсамар дошт.
Солҳои ҷанг барои Ғалабаи умумихалқӣ аз болои Германияи фашистӣ зарбдорона меҳнат кард. Дар таълиму тарбияи насли наврас дар солҳои ҷанг заҳматҳои шабонарўзӣ кашида, намунаи баланди меҳнатдўстӣ ва ватанпарастӣ нишон дод.
Барои меҳнати содиқона бо унвони «Аълочии маорифи халқ», медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳои соҳавӣ сазовор гардидааст.
Заҳматкаши ақибгоҳ, зани поктинату хушсухан Самия Азизова дар ин рўзҳои пур аз нишот ба синни 96-солагӣ мерасад. Ба ў саломатӣ, хотири ҷамъ ва умри хуш орзумандем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд