(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми муаммои оиладорӣ ба дўши занон вогузошта шуд. Зеро кулли мардони бовиқор дар майдони набард қарор доштанду занону духтарон дар ақибгоҳ вазнинтарин корҳоро ба иҷро мерасонданд. Занон баробари тарбияи фарзандону нигоҳубини хусуру хушдоман, дар саҳро ва ё заводу фабрика заҳмат мекашиданд.

Воқеан, агар ба таърихи корномаҳои инсонҳои шарафманд назар афканем, воқиф мешавем, ки онон барои ривоҷу равнақи кишвари азизамон хизматҳои бузург анҷом додаанд. Бахусус, мардуми Хуҷандшаҳр барои пешрафти ин макони таърихии аҷдодӣ заҳматҳои зиёд кашидааст. Дар ин ҷода саҳми тамоми меҳнаткашони касбу кори гуногун назаррас аст.
Занеро, ки васф кардан мехоҳам, аз ҳамон табақаи заҳматпеша аст. Чеҳраи нуронии ў фариштаеро мемонад, ки кас аз тамошояш ҳаргиз сер намешавад. Бале, ў малаксимо асту сираташ ҳам ҳамин гуна. Исми ин модаркалони муборак Фотимахон Шукурова асту имрўз аз давлати пирӣ давр меронад. Ў зодаи Хуҷандшаҳр буда, 14-уми июни соли 1930 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳафт сол дар мактаб таҳсил намуда, хату савод омўхт ва чун Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд, ба заҳ-мати ақибгоҳ ҷалб гардид. Истеъдоди дўзандагӣ, ки дошт, барои аскарону афсарони ҳимоятчӣ либоси зимистона, баҳорона, фуфайка, тагпўш ва ғайра медўхт.
Сўҳбати кўтоҳи мо бо ин модаркалони нурониву дуогўй басо хотирмон буд. Ў таърихи зинда аст. Номи кулли қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро медонад ва ба наберагону аберагонаш нақл мекунад.
Тақдири ин инсони меҳнатдўсту ҳалолкор бо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рауф Ҳакимҷонов пайваст. Онҳо дар зиндагии ҳам-ҷоя соҳиби 5 фарзанд гардида, онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоятгар шуданд. Имрўз фарзандону наберагон дар вазифаҳои баланди давлатӣ хизмат менамоянду аз авлоди бошараф буданашонро исбот меку- нанд. Фотимахон Шукурова, 35 сол дар Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд фаъолият бурда, ҳамчун инсони озодаву ороста эътироф шудааст. Ҳамагон ўро дўст медоштанду аз сўҳбаташ лаззати маънавӣ мегирифтанд. Ҳоло низ ин пиразани нуронӣ бо суханони гуворову панду насиҳатҳои олимақомаш дили ҳамагонро тасхир мекунад.
Ба ин модаркалони арҷманд саломатии комил ва хотирҷамъӣ орзумандем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...