08 Май 2024
Дар дунё инсонҳое ҳастанд, ки бо ҳас-тияшон ба хешу ақрабо, пайвандону дўстон ва умуман, ҷомеа хурсандӣ ме- бахшанд. Аз ҳастии чунин инсонҳои нексиришту фидоӣ халқу меҳан ҳамеша манфиат мебинанду дар ҳаққашон суханони арзанда мегўянд. Бале, хушбахтона, ватани маҳбуб бисёр шахсони хушахлоқу хуштолеъ ва меҳнатқаринро ба воя расонида, онҳоро ҷойнишини бузургону тарбиятгарони ҷомеа гардонидааст.
Дар замони мо занон низ баробари мардон мақому манзалати хоса доранд. Ҳарчанд ба дўши занон қариб тамоми масъулияти оиладорӣ вогузор шудааст, вале бо вуҷуди ин, сарфи назар аз душвории зиндагӣ ҳаёти худро ба ҷамъият, пешрафти давлат ва ободонии ватан мебахшанд. Мафҳуми зиндагиро фақат ба некӣ кардану хизмат намудан медонанд.
Исми мубораки Қутфинисо Раҳмоноваро ҳамагон медонанд. Зан аст, олиҳа аст, мушфиқ аст, меҳрубон аст, дилбар аст ва аз ҳама муҳим, инсони комил аст, инсоне, ки ҳастии худро ба давлату тарбияи фарзандон бахшидааст.
Ин зани хушрафтор, олиҳаи нурбор, модаркалони дуогўй ва инсони нексиришт бо ҳастии худ оилаи худ, ёру дўстон ва пайвандонро шодӣ мебахшад.
Ин зани хушсимову фариштасират соли 1931 дар шаҳри Хуҷанд аз оилаи коргар ба дунё омадааст. Чун соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд, Қутфинисои тақрибан 10-11-сола мисоли дигар духтаракони маҳалла ба корҳои вазнин шурўъ кард. Ба кўмаки падару модар ҳамдастӣ карда, барои зиндагии хонадони худ ва ҳамзамон иштирокчиёни ҷанг саҳм мегузошт. Солҳои зиёд дар колхози Сотсиализми ноҳияи Хуҷанд баробари дигарон заҳмат кашид. Баъдан, дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамчун коргари заҳматкаш фаъолият бурд. То синни нафақа дар якчанд корхонаи шаҳр софдилона меҳнат намуда, фарзандонашро ба воя расонд.
Бале, дар васфи чунин шахсони арзанда, фидоӣ ва ватандўст сухан кардан айни муддаост. Зеро маҳз ба шарофати чунин занҳои бовиқор давлат обод мегардад.
Хизматҳои Қутфинисо Раҳмонова аз ҷониби давлату ҳукумат қадр гардидаанд. Бо орденҳои «Барои меҳнти шоён», «70-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «75-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва ғайра сарфароз гардидааст.
Дар ин рўзҳои пур аз фараҳи баҳорӣ заҳ-маткаши ақибгоҳ Қутфинисо Раҳмонова ба синни 93-солагӣ расидааст. Ба ў аввалан саломатии комил ва хотири ҷамъ таманно дорем. Бигузор бо пайвандон бошаду дуогўи онон бимонад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд