08 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Андар ситоиши шахсоне, ки барои пешравии Ватан, ҳимояи он заҳматҳои зиёд кашидаанд, суханони шоиста месазад гуфт. Зеро хизматҳое, ки онҳо дар замони ҷанг карданду бар ивазаш ягон ҷуброн талаб нанамуданд, намунаи олии инсонгарӣ маҳсуб меёбад.
Бале, ҳар инсони соҳибдил дар зиндагӣ бо амалҳои шоён маҳбуби ҳамагон мегардад. Байни ҷомеа бо рафтори намунавӣ соҳибэҳтиром гардида, бо ҳастии худ ба ҳамагон шодиву хурсандӣ мебахшад.
Яке аз чунин инсонҳои маҳбуб, хушгуфтор ва самимӣ Маҷид Ширинов аст, ки бо лаҳни ширин дилбари ҳамагон гардида. Ин мўйсафеди нуронӣ, ки соҳиби фарзандону наберагон ва аберагону чаберагони зиёд аст, азизи авлод маҳсуб меёбад. Ҳамагон ўро дўст медоранду дуои некашро ҳар соату дақиқа мегиранд. Аз сўҳбаташ бархурдор шуда, ба худ ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ мебардоранд.
Агар ба тарҷумаи ҳоли ин инсони накў, заҳматкаши асил назар афканем, воқиф мешавем, ки ў зиндагии шарафмандонаро аз сар гузаронидааст.
Маҷид Ширинов 5-уми июли соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд аз оилаи меҳнаткаш ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб тақдир ўро ба давлати Русия бурд.
Соли 1942, айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавони 16-сола дар роҳи оҳани шаҳри Оренбург ҳамчун таъмиргар фаъолиятро оғоз кард. То соли 1953 дар ин макон мисоли дигар ҷавонон софдилона заҳмат кашид. Соли 1954 ба зодгоҳ – Хуҷанди бостонӣ баргашта, ба Комбинати консервбарорӣ ҷалб шуд. Дар комбинати мазкур ҳамчун челонгар то соли 1990 заҳмат кашида, бо обрўи баланд ба нафақа рафт.
Ҳамкорон ўро ҳамчун заҳматкаши асил, нексиришт ва хушрафтор мешинохтанду дар ҳаққаш суханони арзанда мегуфтанд.
Давоми фаъолияти худ барои меҳнатдўст будану кирдори шоиста доштанаш борҳо бо медалу орден ва дигар нишонҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.
Сари синаи ин инсони фариштасурату малоиксиратро медалҳо барои «Меҳнати шоён», «40, 50, 65, 70, 75-солагии Fалаба», «Собиқадори меҳнат», «100-солагии В.И.Ленин», ордени «Нишони меҳнати сурх», 3 нишони «Fолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» пур мекунанд. Ў ҳар медалу орден ва нишонҳои давлатиро мисли обу нон муқаддас медонад.
Дар сўҳбатҳояш бо аҳли оила қимату манзалати ҳар яки онро маънидод мекунад. Аҳли хонаводаи Маҷид Ширинов аз доштани чунин падару бобо ифтихор доранд. Дар гирдаш парвона буда, ҳар хоҳишу дархосташро бо хушнудӣ иҷро мекунанд ва дуои ин шахси мўътабар мегиранд.
Алҳол Маҷид Ширинов 98-сола мебошад. Барояш саломатии комил, хотири ҷамъ орзу карда, иди Ғалабаро шодбош мегўем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд